ТАҲЛИЛИ НУКТАҲОИ МУҲИМИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Сармояи инсонӣ заминаи рушди устувори иқтисодӣ аст

Январь 14, 2025 08:36

ДУШАНБЕ, 14.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 декабри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи сармояи инсонӣ аҳамияти махсус зоҳир намуданд. Ин мавзуъ ҳамчун омили калидӣ барои рушди устувор ва амнияти иқтисодии мамлакат пешниҳод гардида, дар якчанд бахш мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт.

— Соҳаи маориф аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон гардидааст. Ҳадафи асосии сиёсати оқилона ва дурандешонаи Сарвари давлат дар ин самт таъмини ҳамаҷонибаи рушди сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон мебошад. Зеро таълиму тарбия ҳамчун унсури муҳими сармояи инсонӣ бояд пайваста такмил дода шуда, ба талаботи бозори меҳнати ватанию ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошанд.

Аз ҷониби дигар, маориф бахши муҳим ва асосии сармояи инсонӣ маҳсуб мешавад. Соҳаи маориф имконият медиҳад, ки шаҳрвандон дониши зарурӣ ва малакаҳои касбӣ пайдо кунанд, ки ин барои амалӣ гардонидани қобилияти худ ва ҳамчунин рушди ҷомеа муҳим аст. Ҳар қадаре, ки сифати хизматрасонии таълимӣ беҳтар бошад, ҳамон андоза сатҳи сармояи инсонӣ боло меравад ва ин ҳолат дар маҷмуъ ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат мусоидат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 ба масъалаи сармояи инсонӣ дахл карда, сароғози онро ба соҳаи маориф рабт доданд. Ҳамчунин Президенти мамлакат барои таҳкими ин раванд тамоми зинаҳои таҳсилро таҳлил намуда, вобаста ба беҳтар намудани шароит ва баланд бардоштани сифати таҳсил ба масъулини соҳа супоришҳои мушаххас доданд.

Президенти Тоҷикистон бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардида Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор намуданд, ки бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.

Муассисаҳои томактабӣ ҳамчун зинаи аввали низоми таълим дар ташаккули сармояи инсонӣ нақши муҳим доранд. Ин муассисаҳо барои донишу маҳорати аввалинро соҳиб шудани кӯдакон заминаи асосӣ фароҳам меоранд.

Инчунин бояд ёдовар шуд, ки сармояи инсонӣ, ки асосан аз донишу малака ва қобилияти шахсӣ иборат аст, дар асоси тарбия ва таълими томактабӣ ташаккул меёбад. Аз ин рӯ, маблағгузорӣ ба ин соҳа на танҳо ба манфиати рушди сармояи инсонии шахси алоҳида аст, балки он ба пешрафти ҷомеа низ мусоидат мекунад.

Ҳамзамон сармояи инсонӣ, ки аз маҷмуи қобилият, малакаҳо ва истеъдодҳо иборат аст, ба таври мустақим бо муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои таълимӣ алоқаи зич дорад. Ба ибораи дигар, муассисаҳои томактабӣ ҳамчун қисми асосии сармояи инсонӣ ба рушди қобилият ва малакаҳои кӯдакон мусоидат мекунанд, ки ин ҳолат дар маҷмуъ сабаби беҳтар гардидани сифати зиндагӣ ва рушди иқтисодӣ мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз аввалин солҳои соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Таъкид шуд, ки «дар даврони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шудаанд».

Яъне, агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион хонанда фаъолият мекард, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд. Шумораи умумии хонандагони онҳо беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ яке аз пояҳои асосии низоми маорифи мамлакат буда, дар ташаккули сармояи инсонӣ нақши муҳим доранд. Ин муассисаҳо на танҳо дониши ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ фароҳам меоранд, балки барои тарбияи шахсиятҳои кордону болаёқат ва масъулиятшиносу ба зиндагии мустақилона омода саҳм мегузоранд. Бо таваҷҷуҳ ба нақши ин зинаи таҳсил дар рушди шахсият ва сармояи инсонӣ Президенти Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки «маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф аз 1 сентябри соли 2025  30 фоиз зиёд карда шавад».

Дар зинаи таҳсили олии касбӣ низ, ба таъкиди Президенти Тоҷикистон, тағйироти назаррас ба амал омаданд. Яъне, агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард, ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 адад ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст.

Таҳсилоти олии касбӣ зинаи баландтарини низоми маорифи Тоҷикистон аст, ки дар рушди сармояи инсонӣ нақши босазо дорад. Ин зинаи таҳсил ба рушди донишу малакаҳои касбӣ, эҷодӣ ва иҷтимоии шахс мусоидат намуда, онҳоро ба мутахассисони баландихтисос мубаддал месозад.

Соҳаи маориф механизм барои эҷоди сармояи инсонӣ мебошад, ки тавассути он одамон метавонанд ояндаи дурахшонро барои худ ва наслҳои оянда фароҳам созанд. Инчунин рӯй овардан ба таълим ва таҳсили босифат барои зиндагии беҳтар ва арзанда имконияти нав фароҳам меорад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ тандурустии мардум ҳамчун ҷузъи муҳимтарини сармояи инсонӣ таъкид гардид. Президенти Тоҷикистон иброз намуданд, ки «Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад».

Бояд тазаккур дод, ки соҳаи тандурустӣ ва сармояи инсонӣ бо ҳам робитаи зич доранд, зеро саломатӣ яке аз ҷузъҳои асосии сармояи инсонӣ ба шумор меравад. Саломатии хуб ба шахс имконият медиҳад, ки қобилияти худро пурра истифода барад. Агар аҳолӣ солим бошад, самаранокии меҳнат ва истеҳсолот низ афзоиш меёбад.

Соҳаи тандурустӣ дар ташаккули саломатии ҷисмонӣ ва равонии мардум нақши муҳим дорад. Ин барои рушди қобилияти зеҳнӣ ва эҷодии инсон муҳим аст. Ҳамзамон дастрасӣ ба хизматрасонии тиббии босифат, аз ҷумла барои кӯдакон ва наврасон ба рушди солимии насли ҷавон мусоидат мекунад. Аз ҷониби дигар, меҳнати самараноки кормандон ба сатҳи саломатии онҳо вобаста аст. Дар маҷмуъ, таъмини шароити беҳтари тандурустӣ метавонад ба афзоиши истеҳсолоти миллӣ ва рушди иқтисодӣ мусоидат кунад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки «тайёр намудани мутахассисон ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ яке аз масъалаҳои асосӣ ва афзалиятноки соҳаи тандурустӣ мебошад. Ман зимни вохӯриҳои худ масъалаҳои норасоии мутахассисон, паст будани сифати доруворӣ ва истифодаи самараноки таҷҳизоти ҳозиразамони тиббиро борҳо таъкид карда будам. Роҳбарону масъулони соҳа вазифадоранд, ки барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, таъмин намудани рушди бомароми соҳа ва тарбияи кадрҳои баландихтисос тадбирҳои зарурӣ андешида, хизматрасонии босифати тиббӣ ва фаъолияти босамари муассисаҳои тиббиро таъмин намоянд».

Бояд гуфт, ки дар соҳаи тандурустӣ кадрҳои баландихтисос, ки дониши амиқ ва малакаҳои касбии баланд доранд, ҷузъи муҳимтарини сармояи инсонӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, метавон иброз дошт, ки таваҷҷуҳ ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳ ба сармояи инсонӣ аст. Ҳамчунин маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ омили муҳимми рушди сармояи инсонӣ мебошад. Ин ҳолат ба ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва солимии аҳолӣ мусоидат мекунад.

Ба таъкиди Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 202 барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024   840 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Гуфта шуд, ки дар 33 соли соҳибистиқлолӣ ғайр аз таъмиру таҷдиди муассисаҳои мавҷудаи соҳаи тандурустӣ бо истифода аз ҳама имконият 3076 муассисаи нави тиббӣ бунёд карда шуд.

Масъалаи муҳимми дигари Паёми Пешвои миллат вобаста ба рушди сармояи инсонӣ- ин ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маҳсуб мешавад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид, ки ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати таҳкими ин соҳаҳоро барои рушди сармояи инсонӣ дар мамлакат таъкид намуданд.

Дар маҷмуъ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бозгӯи он аст, ки сармояи инсонӣ барои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун захираи асосӣ шинохта шудааст. Роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат тавассути сиёсати давлатӣ ва барномаҳои стратегӣ барои таҳкими ин соҳа тадбирҳои амалӣ меандешад. Ин раванд ба таҳкими амнияти иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва пешрафти ҷомеа мусоидат менамояд.

Исломбек ЗОИРЗОДА,
муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Январь 14, 2025 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ СОКИНОН-ҲАДАФИ ОЛИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳонии сайёҳӣ метавонад ҷойгоҳи арзандаро ишғол намояд
Соҳибкасб намудани шаҳрвандон кафолати таъмини зиндагии шоиста мебошад
ГУЗАРИШ БА НИЗОМИ РАҚАМИКУНОНӢ. Масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ бояд ҳарчи зудтар таъмин шаванд
ДАРОМАДИ ПУЛИИ АҲОЛӢ. Аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024 расонида шуд, яъне 3,6 баробар зиёд гардид
Паёми Президенти Тоҷикистон ба рушди иқтисодиёти рақамӣ ва низоми муҳофизати устувор мусоидат менамояд
РУШДИ ФАРҲАНГ. Соли 2000 барои соҳаи фарҳанг ва варзиш 13 миллион сомонӣ ҷудо шуда, соли 2024 ин рақам ба 1,7 миллиард сомонӣ расид
Ба кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Ёвон нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуданд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамо барои иҷрои ҳадафҳои созанда ва саодатбахш
«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ОЯНДАИ ПУРСАМАР». Таҳти ин унвон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ПАЁМ-ДАСТУРИ ЗИНДАГИСОЗИ МИЛЛАТ. Таваҷҷуҳ ба мактабу маориф сабаби устувор гардидани пояи давлатдории миллӣ мешавад
РУШДИ НАҚЛИЁТИ ҲАВОӢ. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамлакати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон таъкид гардид