ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН. Созмони Милали Муттаҳид ба таҷлили Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо оғоз намуд

Январь 24, 2025 08:27

ДУШАНБЕ, 24.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба мушкилии обшавии пиряхҳо ва ҳифзи онҳо Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Тоҷикистон соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намуд. 21 январи соли 2025 ин сол ба таври расмӣ оғоз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти «Ахбори СММ». 

14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-ум қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул намуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин  ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад.

«Тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад…Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиши минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз, ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки барои ҳалли ин масоили глобалӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд», — изҳор доштанд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид.

Мавриди ёдоварӣ аст, ки ташаббуси навбатии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид  пазируфта шуд. Ба андешаи коршиносони соҳа, қабул гардидани Қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» барои баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба ин масъала такони ҷиддӣ мебахшад. Таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ дар ҳифзи пиряхҳоро муҳаққиқон қадами устувор барои  суръат бахшидан ба баргузории экспедитсияҳо дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ном мебаранд.

Бояд гуфт, ки тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ мегардад. То имрӯз аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки сарчашмаи асосии оби ошомиданӣ дар минтақа мебошанд, зиёда аз як ҳазораш пурра об шуда, суръати обшавии онҳо рӯ ба афзоиш аст.

Ин дар ҳолест, ки бориш ва пиряхҳои Тоҷикистон то 60 фоизи манбаи ташаккулёбии захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд.

Зимнан бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 барои рушди ҳамкории тарафҳои манфиатдор заминаи муносиб фароҳам меорад.

Тибқи қарори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин 21 март ҳамасола Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муқаррар гардидааст.

Конфронси дарпешистодаи оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2028 дар Душанбе ва идомаи истифодаи платформаи «Раванди оби Душанбе» барои пешбарии масъалаҳои об далели пешсафии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои об дар миқёси ҷаҳон мебошанд.

22 январи соли 2025 дар қароргоҳи Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи  Швейтсария ҳамоиш оид ба таҷлили Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид.

Дар ҳамоиш дурнамо барои соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст, баррасӣ шуд.

Ҳамзамон баргузории Конфронси байналмилалии   сатҳи баланд дар мавзуи «Ҳифзи пиряхҳо: мушкилот ва имконот» аз ҷониби ҳамраисони Шурои машваратӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуд.

Дар ҳамоиш муовини Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ, ёвари Директори генералии ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиатшиносӣ, инчунин ҷонибҳои манфиатдор захираҳо, воситаҳо ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои обшавии пиряхҳо, идоракунӣ ва мониторинги захираҳои об ва хатарҳои марбут ба обро дар асоси уҳдадориҳои миллӣ ва байналмилалӣ баррасӣ намуданд. 

Зимнан бояд гуфт, ки 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад, ки он имконияти хуб барои муаррифии иқтидори илмӣ ва имконияти бунёдии Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо мебошад.

Пиряхҳо дар ташаккули иқлими сайёра ва бо оби тоза таъмин намудани миллиардҳо одамон нақши калидӣ доранд. Вале бинобар гармшавии глобалӣ пиряхҳо зуд об мешаванд. Ҳамин тавр, Созмони Милали Муттаҳид умедвор аст, ки огоҳонидани байналмилалиро дар бораи нақши муҳими пиряхҳо дар низоми иқлим ва гардиши гидрологӣ, инчунин оқибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии тағйирот дар криосфераи Замин баланд бардорад.   

Пиряхҳо дар ҳама қитъаҳо, дар минтақаҳои кӯҳӣ ва дар канори қабатҳои яхбастаи  Гренландия ва Антарктида вомехӯранд. Дар ҷаҳон зиёда аз 275 ҳазор пирях мавҷуд буда, онҳо майдони тақрибан 700 ҳазор километри мураббаъро ишғол мекунанд. Пиряхҳо тақрибан 70 дарсади оби тозаи ҷаҳонро маҳфуз медоранд.

Ҳаёти зиёда аз 2 миллиард одамон, аз ҷумла мардуми бумӣ аз обшавии яху барф вобаста аст. Ин равандҳо онҳоро бо оби нӯшокӣ ва об барои истифода дар соҳаи кишоварзӣ таъмин мекунанд. Ҳифзи пиряхҳо барои суботи экологӣ ва иқтисодӣ муҳим аст.

Пиряхҳо нишондиҳандаҳои ҳассоси тағйирёбии иқлим буда, бинобар боло рафтани ҳарорат дар саросари ҷаҳон об мешаванд. Ин раванд аз миёнаҳои асри 19 (охири давраи яхбандии хурд) мушоҳида мешавад. Гарчанде дар давраҳои гуногун ва дар минтақаҳои гуногун афзоиши кӯтоҳмуддати андозаи пиряхҳо мушоҳида мешуд, солҳои охир обшавии онҳо аз сабаби гармшавии босуръати сайёра, ки дар натиҷаи афзоиши консентратсияи газҳои гулхонаӣ дар атмосфера ба вуҷуд омадааст, суръат гирифт. Ҳарорати аз ҳад зиёди ҷаҳонӣ боиси кӯтоҳ шудани мавсими ҷамъшавии барф мегардад.

Ба таъкиди Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади андешидани тадбирҳои фаврии амалӣ барои ҳифзи пиряхҳо давлатҳои дорои захираи пиряхҳо ва кишварҳои соҳилӣ бояд ҳамкории бисёрҷониба ва табодули таҷрибаю донишро байни ҳам густариш диҳанд. Ин амал метавонад дар раванди мубориза бо норасоии об ва болоравии сатҳи баҳр нақши муассир дошта бошад. Дар баробари ин, ҷалби захираҳои молиявии ҷаҳонӣ бо ин мақсад, аз ҷумла ба Хазинаи махсуси ҳифзи пиряхҳо амри муҳим мебошад.

Бояд гуфт, ки оби ширин дар сайёра торафт кам мешавад. Бинобар  коҳиши пиряхҳо ва тағйирёбии қабати барф оби тоза кам дастрас мешавад, ки дар натиҷа рақобат барои захираҳои об, махсусан дар минтақаҳои хушк афзоиш меёбад. Обшавии яхҳо инчунин боиси рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ, ярч ё афзоиши эрозияи хок мегардад.

Таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо дар Тоҷикистон нигаронкунанда мебошад, зеро дар ҷумҳурии мо дар асри гузашта 30 дарсади пиряхҳо об шудаанд. Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки дар натиҷаи он Хазинаи боварии Созмони Милали Муттаҳид барои ҳимоят аз обшавии пиряхҳо таъсис гардид, низ бо ҳамин мақсад пешбарӣ гардидааст.

Ба таъкиди Президенти Тоҷикистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, аз лиҳози таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим яке аз мамлакатҳои осебпазири ҷаҳони Ҷануб ба шумор меравад. Давлати мо ҳамасола бо обхезӣ, сел, фаромадани ярчу тарма ва дигар офатҳои табиӣ рӯ ба рӯ мегардад, ки аз он хисороти зиёди молӣ ва дар бисёр мавридҳо талафоти ҷонӣ мебинад.

Маҳз ба ҳамин хотир Президенти Тоҷикистон ташаббус оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кардани соли 2025-ро пешниҳод намуданд, ки он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии ҳамаҷониба ёфт.

Созмони Милали Муттаҳид таъкид мекунад, ки пиряхҳоро тавассути коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ ва қабули стратегияҳои мутобиқшавӣ ва коҳиш додани таъсири онҳо ҳифз ва нигоҳ доштан мумкин аст. Истифодаи донишҳои мардумони бумӣ, маълумоти мушоҳидакунандагони обу ҳаво ва таҳлилҳои илмӣ асоси ҳамаҷониба ва фарогири ташаккули сиёсати заруриро таъмин менамоянд. Тадбирҳои муҳим оид ба ҳифзи пиряхҳо бояд таъсиси минтақаҳои муҳофизатшаванда, мониторинги мунтазам, амалияи экологии истифодаи замин, татбиқи идоракунии маҷмуии захираҳои об ва таҳияи низомҳои огоҳкунандаро барои мубориза бо хатарҳои криосфера дар бар гиранд.

Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар» 

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/сомонаи СММ

Январь 24, 2025 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои глобалии Президенти Тоҷикистон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар Женева тарғиб мегардад
Дар ҳошияи ифтитоҳи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Женева ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон тарғиб карда мешаванд
ПАЁМ — РОҲНАМО БА СӮИ СОЗАНДАГӢ. Ба ҷои исрофкории беҳуда ва худнамоишдиҳии бемаънӣ ба корҳои хайру ободонӣ бояд рӯй биёрем
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ГУМРУК. Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Тоҷикистон ба маъмурикунонӣ ва рақамикунонии соҳа мусоидат намуд
Дар Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо оғоз гардид
ПАХТАКОРӢ. Чаро дар Тоҷикистон ҳамасола дар ин бахши муҳими соҳаи кишоварзӣ нишондиҳандаҳо паст мешаванд?
СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ барои беҳтарсозии вазъи иқтисодии Тоҷикистон қадами муҳим аст
Дар Женева масъалаи омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуд
МОҲИЯТИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИННОВАТСИОНӢ. Номзади илмҳои иқтисодӣ ин мавзуъро шарҳ додааст
ВАТАНДӮСТӢ ВА МАВҚЕИ СОҲАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ ДАР ПАЁМ. Дар ҳар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ беҳсозии ҳаёти ҷавонон таъкид гардидааст
ПАЁМЕ, КИ ҲАМА НУРУ НАВИД АСТ. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Масъалаи рақамикунонӣ барои идораи соҳаҳои геология, гидрология ва глятсиология аҳамияти бештар пайдо мекунад