Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ»

Январь 10, 2025 18:01

ДУШАНБЕ, 10.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, таҳкими иқтидори саноатӣ ва содиротии ҷумҳурӣ, аз байн бурдани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои 2008 – 2022 (солҳои 2008, 2011, 2018, 2022) дар ҷумҳурӣ 4 маротиба ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон шуда буд.

Мораторияҳои эълоншуда ба рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва бахши истеҳсолӣ таъсири мусбат расонида, барои фароҳам овардани фазои мусоид ҷиҳати ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ, воридоти андозҳо ба буҷети давлатӣ ва дар маҷмуъ барои беҳбудии некуаҳолӣ мусоидат намуд.

Дар идомаи татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирии рушди соҳибкориву сармоягузорӣ бо иқдоми бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми декабри соли 2024 ироа гардид ва бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 январи соли 2025, №915 ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2027 мораторий эълон карда шуд.

Тибқи фармони мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати як моҳ санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ҷиҳати татбиқи он пешниҳод менамояд.

Иттилоъ дода мешавад, ки муносибатҳо вобаста ба мораторияи эълоншуда дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» танзим гардида, он асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро   муайян   намуда,   тартиби   татбиқи   мораторийро муқаррар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз менамояд.

Тибқи муқаррароти Қонун дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо амали муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ боздошта мешавад.

Январь 10, 2025 18:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд
Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мулоқоту чорабиниҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои наздик
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Покистон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд