Пагоҳ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад

Февраль 9, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 09.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Дар Кумитаи кор бо занон ва оила нишасти матбуотӣ соати 09:00 баргузор мешавад.

Нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе соати 09:00 дар Муассисаи давлатии «Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ»-и шаҳри Душанбе доир мегардад.

Нишасти матбуотӣ дар Комиссияи олии аттестатсионӣ соати 10:00 баргузор  мешавад.

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нишасти матбуотӣ соати 11:00 баргузор мешавад.

Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш нишасти матбуотӣ соати 14:00 доир мегардад.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.

Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.

Февраль 9, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд