Ҳайати ситоди мушоҳидони байналмилалии ИДМ бо ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 шинос шуд

ДУШАНБЕ, 21.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз роҳбари ҳайати ситоди мушоҳидони байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Евгений Козяк ба ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта, бо фаъолияти ҳавза аз наздик шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 хабар медиҳад.
Мушоҳидон бо истифода аз ҳуқуқҳои худ бо ҳуҷҷатҳои номзадҳои бақайдгирифтаи ҳавза, баррасии арзу шикоятҳо ва муроҷиатҳои интихобкунандагон шинос гардида, суҳбату гарму самимӣ намуданд.
Баъдан бо роҳбаладии намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 аз участкаҳои интихоботии №3, 9 ва 10 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд. Зимни мушоҳида бо тартиби ҳуҷҷатгузории участкаҳои интихоботӣ, рӯйхати интихобкунандагон ва фаъолияти пурраи участкаҳои интихоботӣ аз наздик шинос гардида, баҳои баланд гузошта шуд.
Дар асоси моддаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мушоҳидони байналмилалӣ бо мақсади мушоҳидаи интихобот, гузаронидани он дар шароити шаффоф ва ошкоро даъват карда мешаванд.
Фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ баъди аккредитатсияи онҳо аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, пас аз эълон гардидани натиҷаи пешакии интихобот қатъ мегардад.
АКС: ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3