ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Вазорати молия, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 14.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 феврал дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Варзоб, Файзобод, Рӯдакӣ ва шаҳри Ваҳдат оид ба ҷамъбасти соли 2024 нишасти матбуотӣ доир мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия соати 08:30 баргузор мешавад.
Дар Вазорати молия нишасти матбуотӣ соати 09:00 доир мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Прокуратураи генералӣ соати 10:00 баргузор мешавад.
Дар Кумитаи рушди сайёҳии нишасти матбуотӣ соати 14:00 доир мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон соати 08:00 ва дар филиали Донишкадаи энергетикии Москва соати 11:00 баргузор мешавад.
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Варзоб, Рӯдакӣ, Файзобод ва шаҳри Ваҳдат нишасти матбуотӣ соати 09:00 доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилоти дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти соли 2024 27 январ оғоз шуда, 14 феврал ҷамъбаст мегарданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд






