Ҳамкории дуҷониба дар соҳаи варзиш байни Тоҷикистон ва Эрон муҳокима шуд

Февраль 10, 2025 16:10

ДУШАНБЕ, 10.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. 7 феврал дар шаҳри Ҳарбини Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрии Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби аввали Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода бо Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Хусрави Вафо баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи варзиш ва фаъолияти олимпӣ табодули назар намуданд. Таъкид гардид, ки рушди муносибатҳои варзишӣ байни Тоҷикистон ва Эрон ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории байналмилалӣ мусоидат мекунад.

Раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо ишора ба нақши варзиш дар таҳкими робитаҳои дӯстона байни давлатҳо иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст ҳамкориро бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самти мубодилаи таҷриба, баргузор намудани мусобиқаҳои муштарак ва рушди донишу ҷаҳонбинии варзишгарони ҷавон тақвият диҳад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки рушди варзиш ва тарзи ҳаёти солим аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Маҳмуд Хусрави Вафо аз ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии ҷониби Эронро барои таҳкими робитаҳои варзишӣ ва мусоидат ба рушди ҳунари варзишгарони тоҷик таъкид намуд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои омодагӣ ба мусобиқаҳои байналмилалӣ, иштирок дар чорабиниҳои олимпӣ ва густариши робитаҳои мутақобили судманди ҳарду давлат дар соҳаи варзиш баррасӣ шуданд.

Зимнан ҷонибҳо бо таъкиди аҳамияти ҳамкории дуҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалии олимпӣ барои таҳкиму рушди ҳамкории минбаъда дар соҳаи варзиш изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 10, 2025 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад