АРТИШ — СИПАРИ АМН, РАЗМ, ТАВОНУ ИҚТИДОР. Ҳадафи аслии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъмини амнияти халқу Ватан аст

Февраль 21, 2025 10:50

ДУШАНБЕ, 21.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 феврал ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад, 32 сол пур мешавад. Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсис вазифаи муқаддасу пуршараф – ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа ба дӯши онҳо гузошта шуд.

Ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирсаид Раҳмонов дар ин маврид чунин ибрози назар намуд:

-Артиши миллӣ ҷузъи ҷудонашавандаи мудофиавии ҳар миллату давлат маҳсуб шуда, ҳадафу мақсади аслии он таъмини амнияти халқу Ватан мебошад. Ҳамин тариқ, таъмину танзими сулҳу субот ва бехатарии шаҳрвандон ба дӯши сипари миллат мебошад. Он рамзи интизом, далерӣ ва шаҳомату ватандӯстӣ низ мебошад.

Артиш ҳамчун мактаби мардонагӣ пазируфта шуда, тавассути он сарбозону афсарон ҳамарӯза ба таълиму тамрин машғул мешаванд. Онҳо вазифаҳои пурмасъулиятро ҳушёронаю зиракона иҷро намуда, марзу буми мамлакатро ҳифз менамоянд.

Дар моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст».

Бо ҳамин мақсад Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 18 декабри соли 1992 Қарори ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба имзо расонид. Дар ин зимн ҳайат, сохтори ташкилию бастӣ, таъминоти моддию техникӣ, маҳалҳои ҷойгирии қисмҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон то 30 декабри соли 1992 пешниҳод гардид.

Қонунгузорӣ дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид ва ба Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсони Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи санадҳои қонунгузорӣ оид ба он ташкил гардид. Ҳамин тариқ, дар асоси ин қарор охирҳои соли 1992 ва ибтидои соли 1993 тамоми асноди зарурӣ омода гардида, дар як вақт қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳо ташкил шуданд. 23 феврали соли 1993 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт бо иштироки қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои ҳарбии тозатаъсис паради ҳарбӣ баргузор гардид. Ин сана чун Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ё Артиши миллӣ қабул гардид, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки «мо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии мамлакат, яъне дар рӯзҳое, ки ҷумҳуриро ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта буд ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони Тоҷикистон ва пароканда гардидани миллати тоҷик воқеан ба миён омада буд, таъсис додем». Бо дарки ин масъала дар шаҳри Душанбе аввал машғулияти кӯтоҳмуддат барои омода кардани афсарон ва Коллеҷи ҳарбӣ таъсис ёфта, дертар Институти ҳарбӣ тағйири ном намуда, садҳо афсарон таълиму тарбия ёфтанд.

Суханҳои шиоромези пайвастаи Президенти Тоҷикистон, ба монанди «Ҳушёр ва зирак бошед», «Сулҳу субот ва мардуми ҷумҳуриро дӯст доред», «Ҳамеша аз истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ шукрона карда, онҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоем», «Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ғайр аз худи мо каси дигар обод намесозад» ба аскарону афсарон руҳияи тоза бахшид, то  Ватанро содиқона ҳимоя намоянд.

Бо таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузории ҳарбӣ низ ташаккул ёфта, чанд санади муҳими меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар таҳрири нав қабул гардид. Артиши миллӣ аъзои фаъоли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) мебошад, ки дар он Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия фаъолона иштирок менамоянд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини амнияти ҳарбӣ ташкил гардида, чун миллати сулҳдӯст ва сулҳпарвар барои ҷомеа адои хизмат намуда, халқу миллатро аз таҳдиду хатарҳо ҳифз менамоянд.

Ҳамин тариқ, Артиши миллӣ чун неруи ҷасуру тавонманди ҷумҳурӣ дар тамринҳои мамлакатҳои фаъоли созмонҳои минтақавию фароминтақавӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай ҳамкории хуб намуда, дар даврҳои омӯзишии рушди маҳоратҳо мутахассисон на танҳо дар дохили Тоҷикистон, балки дар Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва ҳатто дар Фаронсаю Амрикою Аврупо иштирок намуда, маҳорату малакаи ҷангии худро рӯз ба рӯз беҳтару қавитар мегардонанд.

Президенти Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки «Қувваҳои Мусаллаҳ дар роҳи ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ба эътидол овардани вазъи мамлакат ва пуштибонии сулҳу субот, фурӯ нишондани ошӯбҳои исёнгарона ва зарбаи қатъӣ задан ба ҳамлаҳои берунӣ, несту нобуд кардани гурӯҳ ва дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, пешгирии табаддулоти ҳарбӣ ва қочоқи маводи мухаддир хизмати беназир намудаанд».

Месазад шеъри зеринро ба сарсупурдагони Артиши миллӣ бахшид:

Муборак бод ҷашни нурборат, Артиши миллӣ,
Муборак бод авҷи ифтихорат, Артиши миллӣ.
Ба миллат, бар Ватан, бо амри Сарфармондеҳи Олӣ,
Муборак бод аҳди устуворат, Артиши миллӣ. 

Ҳамин тариқ, имрӯз афсарони далеру ҷасурро зарур аст, ки бо руҳияи ватандӯстию садоқат ба Ватану савганди ҳарбӣ ва ҳушёрию зиракии сиёсӣ Тоҷикистонро ҳимоя намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

 

Февраль 21, 2025 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳаҷми маблағи хизматрасонӣ барои нафақагирон сол то сол меафзояд
ЗАНОН ВА ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ. Занону духтарон ҳуқуқ доранд касбу ҳунар ва самти фаъолиятро озодона интихоб намоянд
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Дар Тоҷикистон ба забони модарии ҳамаи қавму миллатҳо эҳтиром гузошта мешавад
Ҳимояи марзу бум вазифаи ҷонии ҳар афсару сарбоз ва сокини ифтихорманди Тоҷикистон мебошад
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИН МАВРИД ҲУШДОР ДОДА БУДАНД. Барномаи муҳити зисти СММ ба амалҳои фаврӣ дар мубориза бо буҳрони сегонаи сайёра даъват менамояд
ЧАРО БАЪЗЕ АЗ НИҲОЛҲОИ ШИНОНИДАШУДА ХУШК МЕГАРДАНД? Ва ё барои пешгирии ин ҳолат чӣ бояд кард?
ВАТАНРО ЧУН ФИРДАВСӢ БОЯД ДӮСТ ДОШТ! Эҳдо ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
32-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Дӯст доштани Ватанро бо хизмати содиқонаю софдилона ба он собит намоем
«EDONISH». Тавассути ин барнома ба хонандагон зиёда аз 27 миллион баҳо гузошта шуд
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Ташаббуси Тоҷикистон барои пешгирии оқибатҳои ҳузнангез дар сайёра хеле саривақтӣ мебошад
Профессор Муҳаммад Абдураҳмон: «Сано бодо ба модари тоҷик — Ситорабону, ки Сино – нобиғаи асрҳоро ба мо ва аҳли башар тақдим намуд»
32-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо оид ба заминаҳои ҳуқуқии таъсис ва фаъолияти он