АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН. Дар Душанбе барномаи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва гузашти низомӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 22.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии Гимназияи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ворисони Куруши Кабир» ҳамоиши идона доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Нахуст, ҳайати афсарону курсантон дар ҷашнгоҳ бо тартиби низомӣ саф оростанд ва чорабинии идонаи ҳарбӣ-ватандӯстӣ бо садо додани Суруди миллӣ ифтитоҳ ёфт.
Роҳбарияти Кумита ва муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иброз намуданд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлату Ҳукумат фидокориҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки он ҷавонмардонеро, ки барои сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.
Артиши миллии мамлакат туфайли ғамхорию дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми 32 сол ба сохтори воқеии муқтадири ҳарбӣ табдил ёфт. Хизмат ба Ватан маънои ба ҷой овардани хизмати падару модар ва ҳимоя намудани марзу буми Ватани аҷдодӣ ва тамомияти арзии Ватанро дорад. Дар асл Артишро бе ҷавонон тасаввур кардан мумкин нест. Зеро ҷавонон дар ҷомеа нақши муҳиму арзишманд доранд. Метавон гуфт, ки имрӯз дарки масъулият ва ҳисси ватанпарастии ҷавонони мо хеле боло рафтааст. Ба таври ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастани ҷавонон аз ин дарак медиҳад. Шумораи ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ мераванд, сол аз сол меафзояд.
Зимнан, аз ҷониби курсантони Муассисаи ҳарбӣ барномаи ҳарбӣ — ватандӯстӣ намоиш дода шуда, сипас бо иштироки ҳайати афсарону курсантон гузашти низомӣ баргузор гардид.
Дар фазои идона чанд нафар афсарону омӯзгорони муассисаи ҳарбӣ барои хизмати содиқона ба халқу Ватан бо сипосномаю туҳфаҳои хотиравии Кумита сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






