Аз ҷониби кормандони ҳифзи давлатии ҷангал нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон 1686 санад тартиб дода шуд

Февраль 2, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 02.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 аз тарафи кормандони ҳифзи давлатии ҷангал доир ба вайрон кардани талаботи қонунгузории соҳаи хоҷагии ҷангал ва шикор нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон 1686 санад тартиб дода шуда, ба маблағи 4151,9 ҳазор сомонӣ зарар муайян гардид. Аз ин маблағ 884,9 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуд. Дар ин хусус муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Шарифзода 30 январ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Аз миқдори умумии қонунвайронкуниҳои ошкоргардида 89 ҳолат ба маблағи 594,7 ҳазор сомонӣ ба буриши ғайриқонунии дарахт, 377 ҳолат ба маблағи 418,9 ҳазор сомонӣ ба чорвочаронии худсарона ва 252 ҳолат ба маблағи 90,0 ҳазор сомонӣ ба ҷамъоварии худсаронаи гиёҳҳои хӯрданибобу шифобахш рост меояд.

Гуфта шуд, ки 68 ҳолат ба маблағи 25,0 ҳазор сомонӣ шикори беиҷозат, 13 ҳолат ба маблағи 1535,4 ҳазор сомонӣ риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар ҷангал ва 85 ҳолат ба маблағи 1487,0 ҳазор сомонӣ дигар намуди қонунвайронкуниҳои ҷангалро ташкил медиҳад.

Иброз гардид, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла бо мақомоти прокуратура ва дигар ниҳодҳо барои ситонидани ҷуброни товони зараре, ки ба фонди давлатии ҷангал расонида шудааст ва ҷаримаҳои маъмурӣ корҳо идома доранд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Февраль 2, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад