Аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Махфират Хидирзода: «Дар 28 давлати дунё 36 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст»
ДУШАНБЕ, 11.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади мусоидат ба татбиқи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандони мамлакат бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар хориҷи мамлакат дар 28 давлати дунё 36 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст. Аз инҳо 5 участкаи интихоботӣ дар Федератсияи Русия, 2-то дар Қазоқистон, 2-то дар Туркия, 2-то дар ИМА ва ғайра ташкил шудаанд. Тартиби таъсиси участкаҳои интихоботӣ дар хориҷи мамлакат аз тартиби таъсиси участкаҳои интихоботӣ дар дохили мамлакат фарқ дорад. Чунин иброз дошт аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода.
Инчунин барои ташкил ва гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ 41 ҳавзаи якмандатии интихобот ва 3513 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудаанд. Комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот фаъолият мекунанд.
Тартиби таъсиси участкаҳои интихоботӣ дар хориҷи мамлакат
Тартиби таъсиси участкаҳои интихоботиро дар хориҷи мамлакат Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар намудааст. Участкаҳои интихоботӣ дар назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузорӣ давоми 25 рӯзи баъди таъйини интихобот ё дар ҳолатҳои истисноӣ камаш даҳ рӯз пеш аз интихобот ташкил карда мешаванд. Вазифаи раиси комиссияи участкавии интихоботро дар хориҷи мамлакат роҳбари намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати хориҷӣ иҷро менамояд.
Рӯйхати интихобкунандагон дар участкаҳои интихоботӣ
Рӯйхати интихобкунандагон дар участкаҳои интихоботӣ, ки дар назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ ташкил шудаанд, дар асоси маълумоте тартиб дода мешавад, ки роҳбарони ин намояндагиҳо пешниҳод намудаанд.
Рӯйхати интихобкунандагон барои шиносоии умумӣ дар назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ рӯз пеш аз интихобот пешниҳод карда мешавад.
Участкаҳое, ки бо қарори Комиссияи марказӣ дар хориҷи мамлакат таъсис дода шудаанд, ба комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии ҳудудии якмандатии Шоҳмансур №3 вобаста карда шудаанд, зеро берун аз давлат ҳавзаҳои интихоботӣ таъсис дода намешаванд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон участкаҳои дар хориҷи мамлакат таъсисдодаро бо маводи зарурии иттилоотӣ ва дастурию методӣ таъмин менамояд. Тибқи тартиби муқаррарнамуда онҳо бо бюллетенҳои интихоботӣ таъмин карда мешаванд.
Дар интихобот шаш ҳизби сиёсӣ иштирок менамояд
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷи мамлакат қарор доранд, ҳуқуқ доранд ба ин участкаҳо муроҷиат намуда, ҳуқуқи интихоботиашонро амалӣ намоянд. Ҳамаи интихобкунандаҳое, ки дар хориҷи мамлакат овоз медиҳанд, дар интихоботи номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд. Ба онҳо як бюллетени интихоботӣ бо дарҷи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ дода мешавад. Ҳоло шаш ҳизби сиёсӣ, аз ҷумла Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби демократи Тоҷикистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар интихобот иштирок доранд ва номи ҳамаи онҳо бо тартиби алифбо ба бюллетени интихоботӣ ворид карда мешавад.
Шаҳрвандоне, ки барои таҳсил ва ё кор дар хориҷи мамлакат қарор доранд, метавонанд ба участкаҳои интихоботии дар он давлатҳо таъсисшуда рафта, бо пешниҳоди шиноснома дар интихобот иштирок намоянд.
Барои шаҳрвандони дар хориҷи мамлакат қарордошта дар участкаҳои интихоботии дар хориҷ таъсисёфта қонунгузории интихобот овоздиҳии пешакӣ пешбинӣ накардааст.
Вақти овоздиҳӣ дар участкаҳои интихоботӣ дар хориҷи мамлакат
Дар участкаҳои интихоботӣ дар хориҷи мамлакат овоздиҳӣ аз соати 06.00 бо вақти маҳаллӣ оғоз шуда, то соати 20.00 идома меёбад. Дар баробари ин Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон» муқаррар намудааст, ки дар участкаҳои гуфташуда интихобот метавонад дар ҳар соат анҷомёфта эълон шавад, агар ҳамаи интихобкунандагони ба рӯйхат воридгашта овоз дода бошанд.
Тамоми иттилои заруриро шаҳрвандони дар хориҷи мамлакат қарордошта метавонанд аз сомонаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, саҳифаҳои Комиссияи марказӣ дар сомонаҳои иҷтимоии «Фейсбук», «Телеграм», «Инстаграм», «Ютуб» ва пойгоҳи электронии «intikhobot.onlain», ки дар он замимаи мобилӣ насб шудааст, метавонанд дастрас намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»