«БЕҲТАРИН ЁРИ ВАФОДОР КИТОБ АСТ, КИТОБ». Имрӯз дар Душанбе беш аз 15 ҳазор нусха китоб ба намоиш-фурӯш пешниҳод гардид

Февраль 10, 2025 17:45

ДУШАНБЕ, 10.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ намоиш-фурӯши китоб доир гардид, ки дар он нашрияҳои ватанӣ 365 номгӯйро бо теъдоди беш аз 15 000 нусха китобҳои илмӣ, адабӣ, таърихӣ ва сиёсӣ пешниҳоди хонандагон гардониданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Намоиш-фурӯши китоб соати 10:00 оғоз гардида, то соати 16:00 идома ёфт. Дар он китобҳо аз осори адибони классик ва муосири тоҷик- Рӯдакӣ, Румӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил, Сайидо, Соиб, Айнӣ, Лоиқ, Гулрухсор, Баҳманёр, Камол Насрулло, Давлат Сафар, Ӯрун Кӯҳзод ва дигарон ба намоиш ва фурӯш гузошта шуданд. Арзиши китобҳо дар муқоиса бо нархи мағозаҳои китобфурӯшӣ хеле арзон буд.

Директори нашриёти «Адиб» Раҳмоналӣ Мирализода иброз намуд, ки «имрӯз мо беш аз 100 номгӯй китобҳоро бо теъдоди 6 ҳазор нусха пешниҳод намудем. То соати 13:00 қисме аз китобҳои пешниҳоднамудаи мо харидорӣ гардид ва давоми рӯз боз ҳазор нусхаи дигар илова намудем. Китобҳое, ки мо пешниҳод кардем, бадеӣ, тарҷумаи бадеӣ, бачагона, публисистӣ буда, ба ҳама синну соли хонандагон равона гардидаанд. Инчунин дар намоиш-фурӯши китоб 24 номгӯй китобҳои тозанашр пешниҳод шуданд».

Раҳмоналӣ Мирализода афзуд, ки мо талаботи хонандагонро ба назар гирифта, соли 2025 баъзе китобҳоро бознашр менамоем. Зеро ба назар гирифтани ниёзи хонанда асоси кори мо мебошад. Имрӯз дар намоиш-фурӯши китоб мулоқоти ноширон бо хонандагон доир гардид ва хонандагон соядасти адибонро низ гирифтанд.

Фаъолияти Муассисаи нашриявии «Ирфон» дар мамлакат ба таҳрир ва омодасозии осори адабии илмию таърихӣ ва сиёсӣ нигаронида шудааст. Имрӯз аз ҷониби нашриёт дар ин намоиш-фурӯши китобҳо беш аз чор ҳазор китоби таърихӣ, илмӣ ва сиёсӣ пешниҳоди хонандагон гардид.

«Китобҳое, ки имрӯз ба намоиш-фурӯш пешниҳод шудаанд, бештарашон соли 2024 нашр гардида, сифати хуб доранд»,-иброз намуд директори нашриёти «Ирфон» Абдувалӣ Абдураҳмонзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».

Абдувалӣ Абдураҳмонзода афзуд, ки «китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, маҳзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса оинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Имрӯз бо дастгирӣ ва ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи китобу китобдорӣ ва ҳавасмандӣ ба китобхонӣ хеле боло рафтааст. Озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҳавсмандии аҳли ҷомеаро ба китоб бештар намуданд. Дар робита ба ин нашриёти ватанӣ низ муваззаф гардидаанд, ки ҷомеаро бо китоб таъмин намоянд».

Дар намоиши китоб дар баробари китобҳои бадеӣ китобҳо барои бачагон низ пешниҳод шуданд. Дар ин рӯз хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ китоб хоридорӣ намуданд. Зимни суҳбат бо онҳо маълум гардид, ки бештари онҳо иштирокчии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошанд.

Директори Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабиб Сулаймонӣ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки имрӯз дар намоиш-фурӯши китоб аз ҷониби нашриёт беш аз 3 ҳазор китоби гуногун ба хонадагон пешниҳод гардид.

Номбурда иброз дошт, ки адабиёти бачагона ҷузъи муҳими адабиёт аст, зеро донишу ҷаҳонбинӣ, завқи зебоипарастӣ ва афкори кӯдак маҳз дар натиҷаи мутолиаи асаре, ки мувофиқи завқи кӯдак мебошад, ба вуҷуд меояд. Барои ҳавасмандӣ ба китоб ва дар замири кӯдакон ҷой намудани меҳри он волидайн муваззаф мебошанд. Зеро китоб дӯстест, ки ба ту хиёнат намекунад, рафиқест, ки туро хаста намекунад, роҳнамоест, ки туро ба сӯйи бадбахтӣ намебарад. Ҳар чӣ бештар ба китоб бингарӣ, туро баҳраманд месозад ва истеъдодатро шукуфо, забонатро шево ва сохторатро зебо мегардонад. Ҳар чӣ бештар китоб бихонӣ, суханону калимаҳои зебое аз забонат берун хоҳанд омад ва дар натиҷа хурсанду ором хоҳӣ гашт.

Инчунин аз ҷониби Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик» 45 номгӯй китоб бо теъдоди 600 нусха ва Корхонаи воҳиди давлатии таъмин ва савдои «Китоб» 120 номгӯй китоб бо теъдоди 2500 нусха пешниҳод шуд.

Сокини шаҳри Душанбе Зуҳро Абдуллозода иброз намуд, ки «барои харидани китобҳои бадеӣ омадам. Имсол фарзанди ман дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок мекунад. Ман имрӯз китобҳое харидорӣ мекунам, ки дар низомномаи озмун дарҷ гардидаанд. Фарзанди ман нақша дорад, ки аз рӯи номинатсияи адабиёти классикии тоҷик дар озмун иштирок намояд».

Ба таъбири халқ: «Хонаи бе китоб рӯзи бе Офтоб аст». Хушбахтона, ин анъанаи неки гузаштагон, яъне санъати китобдорию сухансозӣ имрӯз низ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мавқеи шоиста дорад. Ҳар рӯз аз тариқи нашриёти давлатию хусусӣ садҳо китоб ба нашр расида, ҳамчун неъмати бузург ба хони маънавии мардум гузошта мешаванд.

Беҳтарин ёри вафодор китоб аст, китоб,
Ёри бе заҳмату озор китоб аст, китоб.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 10, 2025 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода шинос шуд
Дар Хатлон беш аз 2,8 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ ошкор шудааст
Филми «Дар талоши ҳақиқат» дар Синамоҷашнвораи байналмилаии давлатҳои аъзои СҲШ бо ҷойзаи махсус қадрдонӣ шуд
Дар Техас шумораи ҳалокшудагон бар асари обхезӣ ба 80 нафар расид
Дар Суғд ба масофаи 665 метр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд