Дар ҷануби Тоҷикистон нахустин маротиба 49 км «Долони сабз» бунёд карда мешавад

Февраль 26, 2025 15:15

ДУШАНБЕ, 26.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Қитъаи роҳи мошингарди «Данғара-Гулистон» бо дастгирии молиявии Бонки Осиёии рушд ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар доираи лоиҳаи намунавии «Долони сабз» навсозӣ карда мешавад. Қарордод барои иҷрои корҳои сохтмонӣ байни фармоишгари лоиҳа- Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ – ширкати роҳсозии «Hunan Road and Bridge Construction Group Co., Ltd.»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Душанбе ба имзо расид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки қарордодро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Директори ширкати чиноии «Hunan Road and Bridge Construction Group Co., Ltd.» дар Тоҷикистон Мяо Хао имзо намуданд.

Лоиҳа босозии шоҳроҳи мавҷудаи фарсудашудаи «Данғара-Гулистон»-ро бо дарозии 49 км пешбинӣ менамояд. Барои кумак ба Тоҷикистон дар беҳтар намудани шабакаи миллии роҳҳо бо роҳи бунёди нахустин «долони сабз»-и намунавӣ дар ҷумҳурӣ Бонки Осиёии рушд моҳи ноябри соли 2024 маблағи грантиро дар ҳаҷми 86,67 миллион доллари амрикоӣ тасдиқ намуд. Барои татбиқи лоиҳа инчунин Ҳукумати Тоҷикистон 23 миллион доллар маблағгузорӣ намуда, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд 40 миллион доллар қарз медиҳад.

Тибқи лоиҳа, роҳи «Данғара-Гулистон», ки солҳои сиюми асри гузашта сохта, солҳои 1970-ум таҷдид шудааст, аввалин роҳи мошингарди Тоҷикистон хоҳад буд, ки унсурҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва тарҳи махсусро дар бар мегирад. Роҳи дуқатораи мавҷуда то чор қатор васеъ карда шуда, ба он пайраҳаи велосипедронӣ ва роҳравҳо барои занони кӯдакдор ва маъюбон илова карда мешаванд. Дар шоҳроҳ сатҳи равшанӣ беҳтар шуда, гузаргоҳҳои бехатар ва хуби аломатгузоришуда бунёд мегарданд. Дар канори роҳ ҳоҷатхонаҳо ва барои модарони дорои кӯдакони хурдсол утоқҳои ҷудогона месозанд, нақлиёти ҷамъиятӣ дорои нишастгоҳҳои имтиёзнок барои шахсони маъюб хоҳад буд.

Азбаски норасоии истгоҳҳои барқпуркунӣ барои электромобилҳо дар деҳот афзоиши эҳтимолии ин бозорро дар Тоҷикистон маҳдуд месозад, дар доираи лоиҳа ду истгоҳи барқпуркунии озмоишӣ сохта шуда, барномаи сармоягузорӣ барои ҳавасмандгардонии соҳибкорӣ дар рушди ин бахш таҳия ва пешниҳод мегардад.

Барои беҳтар намудани шуғли сокинони маҳаллӣ лоиҳа омӯзиши занонро ба соҳибкорӣ бо додани грантҳо барои кушодани тиҷорат ташкил менамояд. Аллакай моҳи марти соли равон корҳои омодагӣ оид ба татбиқи лоиҳа оғоз гардида, то соли 2030 пурра ба анҷом мерасанд. Чунин роҳҳо тибқи дастури Бонки Осиёии рушд барои бунёди «роҳҳои сабз», ки дар ҳамкорӣ бо Федератсияи байналмилалии роҳҳо ва Metameta Research (Нидерландия) таҳия гардидааст, сохта мешаванд.

Дастгирии молиявӣ ба муҳандисон, тарроҳон, тасмимгирандагон ва мутахассисон дар мувозинати ҳадафҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ барои сабз кардани роҳҳо дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором кумак менамояд. Бояд гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 роҳи автомобилгарди «Данғара-Гулистон»-ро дар қатори дигар иншооти роҳу нақлиёти сохташаванда яке аз роҳҳои муҳими дорои аҳамияти минтақавии мамлакат номиданд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон/манбаъҳои боз

Февраль 26, 2025 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи таҳвили нафт ва маҳсулоти нафтӣ аз Эрон ба Тоҷикистон баррасӣ шуд
Сарвазири Гурҷистон аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯроквории Тоҷикистон боздид намуд
Дар Бишкек масъалаи татбиқи лоиҳаи Хати лӯлаи гази транзитии «Осиёи Марказӣ – Чин» баррасӣ шуд
Байни Тоҷикистон ва Гурҷистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Муколамаи вазирони энергетика дар қолаби «Русия + Осиёи Марказӣ» баргузор шуд
Байни Тоҷикистон ва Гурҷистон Созишнома ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо фаъолияти кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос шуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Қирғизистон лоиҳаҳои «CASA-1000» ва «REMIT»-ро дар Бишкек баррасӣ намуданд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «Суғд – 2026» беш аз 200 ширкати ватанӣ иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон низоми муосири электронии мубодилаи сертификатҳои фитосанитарӣ татбиқ мегардад
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соли 2026 баргузор шуд
Истифодаи оқилонаи захираҳои обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ бо намояндагони СММ баррасӣ шуд