Дар Боку ҷаласаи 15-уми пленарии Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 19.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода барои иштирок дар ҷаласаи 15-уми пленарии «Нақши дипломатияи парлумонӣ дар таҳкими ҳамкории бисёрсола дар Осиё» ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Интизор меравад, ки ҳайатҳои парлумонҳои беш аз 30 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла раисони парлумонҳои беш аз 10 давлат дар ин ҷаласаи сатҳи баланд иштирок намоянд.
Дар чорабинӣ ҷаласаи Шурои иҷроия, пленум, ҷаласаҳои кумитаҳо оид ба масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, буҷетӣ ва иҷтимоӣ баргузор мегарданд. Ҳамчунин лоиҳаи қарорҳо аз рӯйи масъалаҳои муҳим баррасӣ мешаванд.
Илова бар ин дар ҷараёни ҷаласа якчанд мулоқоти дуҷонибаи ҳайатҳои иштироккунанда дар назар аст. Ин вохӯриҳо имкон медиҳанд, ки доир ба фаъолияти кунунии Ассамблеяи парлумонии Осиё ва дурнамои рушди минбаъдаи он табодули афкор доир шавад.
Дар анҷоми ҷаласа Эъломияи Боку ва гузориши ниҳоии Котиботи Ассамблеяи парлумонии Осиё қабул карда мешавад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






