Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе 70 ҳавза ва 250 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст

Февраль 27, 2025 15:01

ДУШАНБЕ, 27.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 10 декабри соли 2024 «Дар бораи муқаррар намудани миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе» ва қарорҳои дахлдори Комиссияи шаҳрӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ноҳияҳои Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе 70 ҳавза ва 250 участкаи интихоботӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Комиссияи шаҳрии интихобот хабар доданд.

Бо мақсади фаъолияти мунтазам дар асоси қарорҳои Комиссияи шаҳрӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 13 декабри соли 2024, нақшаи кори Комиссия ва ҷадвали навбатдорӣ дар Комиссияи шаҳрии интихобот ташкил шуда, тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ва нақшаи тасдиқгардида фаъолият бурда мешавад.

Аъзои Комиссияи шаҳрӣ бо участкаи интихоботии №40 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Комиссияи ҳавзавии интихоботии №19 оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки дар бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 қарор дорад, шинос шуданд.

Бояд гуфт, ки дар заминаи ҳавзаю участкаҳои таъсисшуда дар ҳудуди шаҳри Душанбе 70 комиссияи ҳавзавӣ ва 250 комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳайати раис, муовини раис, котиб ва аъзо ташкил карда шуд. Ҳамзамон масъулин бо ҳавзаи интихоботии шаҳрии №44 ва участкаи интихоботии №10, ки дар заминаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 92 қарор дорад, шинос шуданд.

Бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии ҳокимияти халқ хабарномаҳо тақсим гардида, рӯйхати дақиқи интихобкунандагон тартиб дода шудааст, инчунин омодагиҳо дар сатҳи зарурӣ қарор доранд.

Дар айни замон фаъолияти Комиссияи шаҳрии интихобот ва ҳавзаю участкаҳои интихоботӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар асоси нақшаи корӣ ва талаботи меъёрӣ амалӣ шуда, дар 70 ҳавзаи интихоботии ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҷониби ҳизбҳои сиёсии мамлакат ва шахсони худпешбар дар маҷмуъ 214 номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудаанд. Ба ҳамаи номзадҳо ва шахсони боэътимоди онҳо баъди бақайдгирӣ шаҳодатнома дастрас карда шуд.

АКС: Комиссияи шаҳрӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

Февраль 27, 2025 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд