Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ баргузор шуд

Февраль 26, 2025 16:55

ДУШАНБЕ, 26.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи даҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа  иҷрои қарорҳои қабулгардидаи ҷаласаи нуҳуми Шуро баррасӣ шуд.

Инчунин масъулин оид ба рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва тавсеаи инфрасохтори пардохтӣ, пешгирии киберхатарҳо дар низоми бонкӣ, коҳиш додани хавфҳои бахши фискалӣ ва вазъи корхонаҳои азими давлатӣ гузориш доданд.

Аъзои шуро бо пешниҳоди рӯнамоҳо оид ба масъалаҳои мубрам- вазъи молиявии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва рушди минбаъдаи фаъолияти он, қисматҳои асосии тавозуни пардохт, аз ҷумла содироту воридот, маблағгузории ҳисоби ҷорӣ ва ҳисоби молиявӣ сухан намуданд.

Гуфта шуд, ки  дар ҷаҳони имрӯза авҷ гирифтани низоъҳои тиҷоратӣ, пурзӯр гардидани сиёсати муҳоҷират дар бархе аз кишварҳо, номуайянӣ дар бозорҳои молиявию сӯзишворӣ ҷой доранд, ки метавонад ба таъмини суботи молиявӣ таъсир гузорад. Дар ин раванд таъкид шуд, ки бо назардошти вазъи имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳон, рушди соҳаи иҷтимоӣ, устувор намудани ҳамаи бахшҳои молиявӣ бо мақсади коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунӣ, ташкили буферҳои молиявӣ дар ҳолатҳои ғайричашмдошт, зиёд намудани иқтидори иқтисодиёт тавассути диверсификатсияи содирот ва рушди истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои иқтисодӣ  аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегарданд.

Бо мақсади дар ҳамоҳангӣ татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди фарогиру устувори иқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ рақамикунонии соҳаҳои иҷтимоию молиявӣ ва дигар масъалаҳои муҳим таъкид шуд.

Инчунин қарорҳои марбута дар самти рушди суғуртаи иҷтимоӣ, татбиқи технологияҳои муосир дар бахшҳои молиявӣ, пешбурди сиёсати самараноки қурби асъор ва идоракунии захираҳои байналмилалӣ, ҷалби сармоягузориҳои мустақим ва ғайра қабул гардиданд.

Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми байниидоравии доимамалкунандаи машваратӣ буда, бо мақсади баррасии масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, ошкор намудани хавфҳо дар низоми молиявӣ ва пешниҳоди тадбирҳо барои коҳиши онҳо соли 2018 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Февраль 26, 2025 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Рушди инфрасохтори пардохтӣ дар вохӯрии минтақавии роҳбарияти бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд