Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 28.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар бо иштироки ходимони давлатӣ, фаъолони арсаи сиёсат ва ҷомеа, намояндагони вазорату идораҳо ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҳамоиш иброз гардид, ки бузургдошт Рӯзи Модар, ки 16 сол муқаддам бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардида буд, ба кулли модарони тоҷик руҳу илҳоми тоза бахшид. Ин ҳама меҳрубонӣ аз сиёсати хирадмандонаю оқилонаи Сарвари давлат дар мавриди таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи занон-модарони тоҷик дарак медиҳад.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба модарону занон ва дар даврони соҳибистиқлолӣ ба мақому манзалати хосса соҳиб гардидани онҳо мебошад. Зеро занони тоҷик ҳанӯз дар оғози даврони Истиқлоли давлатӣ ба хотири ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ ва ба эътидол овардани вазъи мамлакат азму талош намуда, дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ бо нангу номуси ватандӯстӣ ва заҳмати софдилона дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми арзишманд мегузоранд.
«Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки дар натиҷаи дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарони лаёқатманд ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ бештар ҷалб гардида, беш аз 25 фоиз ҳамчун хизматчии давлатии амалкунанда ва зиёда аз 20 фоиз дар вазифаҳои пурмасъули роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ сарбаландона адои вазифа менамоянд»,-изҳор дошт Дилрабо Мансурӣ.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иброз дошт, ки Ҳукумати мамлакат барои мунтазам беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занон тадбирҳои зарурӣ андешида, барои ҷалби бештари онҳо ба ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятии ҷомеа корҳои судманд амалӣ мешаванд. Ҳукумати мамлакат минбаъд низ ба занону духтарон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа такя намуда, барои ҳалли мушкилоти онҳо тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.
«Меҳру муҳаббат ва арҷгузорӣ ба модар буд, ки мақому манзалати зан-модар бо кӯшишу заҳматҳои Сарвари давлат дар сатҳи сиёсати давлатӣ пуштибонию дастгирӣ пайдо намуд», — гуфт Бунафша Файзиддинзода.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2024 иброз доштанд, «мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем. Занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирии бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани насли солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманд мегузоранд. Зеро онҳо эҳёкунандаю нигоҳдоранда ва тарғибкунандаю посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд»,-иброз намуданд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд






