Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивали «Сад ранги чакан» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакандӯзӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 28.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври шаҳрии Фестивали «Сад ранги чакан» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти нақшдӯзию зардӯзии чаканӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Фистивал аз рӯи 6 номинатсия баргузор шуда, либосҳои қадимии чакан, кӯдакона, рӯзмарра, либосҳои маросимӣ ва идона, расмӣ ва навъҳои сӯзанидӯзӣ, ки маҳсули дасти ҳунармандон ва тарроҳони шаҳри Душанбе мебошанд, манзури меҳмонон ва иштирокчиёни фестивал гардиданд.
Ҳадафи фестивал баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оинҳои мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Дар анҷом иштирокчиён аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Сипоснома, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.


Таъкид гардид, ки бо иқдому ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номинатсияи «Чакан, ҳунари гӯлдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО, ки моҳи декабри соли 2018 дар шаҳри Порт-Луии Ҷумҳурии Маврикий баргузор шуд, ба феҳристи мероси умумиҷаҳонии башарият расман ворид гардид.
Баргузории фестивал яке аз тадбирҳои гиромидошти ин арзиши асили фарҳангӣ мебошад. Фестивал ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, баланд бардоштани эътибори нақшу нигор, сӯзанидӯзию гулдӯзии матоъҳои миллӣ ва намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандони ватанӣ равона гардидааст.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад






