Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивали «Сад ранги чакан» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакандӯзӣ баргузор шуд

Февраль 28, 2025 11:08

ДУШАНБЕ, 28.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври шаҳрии Фестивали «Сад ранги чакан» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти нақшдӯзию зардӯзии чаканӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Фистивал аз рӯи 6 номинатсия баргузор шуда, либосҳои қадимии чакан, кӯдакона, рӯзмарра, либосҳои маросимӣ ва идона, расмӣ ва навъҳои сӯзанидӯзӣ, ки маҳсули дасти ҳунармандон ва тарроҳони шаҳри Душанбе мебошанд, манзури меҳмонон ва иштирокчиёни фестивал гардиданд.

Ҳадафи фестивал баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оинҳои мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Дар анҷом иштирокчиён аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Сипоснома, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.


Таъкид гардид, ки бо иқдому ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номинатсияи «Чакан, ҳунари гӯлдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО, ки моҳи декабри соли 2018 дар шаҳри Порт-Луии Ҷумҳурии Маврикий баргузор шуд, ба феҳристи мероси умумиҷаҳонии башарият расман ворид гардид.

Баргузории фестивал яке аз тадбирҳои гиромидошти ин арзиши асили фарҳангӣ мебошад. Фестивал ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, баланд бардоштани эътибори нақшу нигор, сӯзанидӯзию гулдӯзии матоъҳои миллӣ ва намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандони ватанӣ равона гардидааст.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе

Февраль 28, 2025 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд