Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон оид ба ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Фаронса мулоқот доир шуд

Февраль 7, 2025 08:48

ДУШАНБЕ, 07.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқоти директори Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файзализода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элза Пинёл доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Китобхонаи миллӣ иттилоъ доданд.

Мусоҳибон оид ба муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳо дар соҳаи китобдорӣ ва рушди ин самти муҳим изҳори назар намуданд.

Дар мулоқот директори Китобхонаи миллӣ дар робита ба фонди асосии китобхона, ки ҳамарӯза дар ҳоли афзоиш аст ва ҳамчунин имкони нигоҳдории то 10 миллион нусха китоб сухан гуфт. Иттилоъ дода шуд, ки шароиту имконияти Китобхонаи миллӣ барои баргузории конфронсу симпозиумҳои сатҳи баланд низ хеле мувофиқ буда, пайваста дар он чорабиниҳои гуногун доир мешаванд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо инчунин дар самти омӯзиши забонҳои тоҷикӣ, фаронсавӣ, таҳқиқи осори адибон, табодули муҳаққиқону донишҷӯён, ташкил намудани даврҳои забономӯзӣ ва форумҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Таъкид гардид, ки дар Китобхонаи миллӣ шуъбаи адабиёти хориҷӣ фаъолият мекунад, ки дар он бо 63 забони дунё адабиёт гирдоварӣ шудааст. Дар ин шуъба китобҳои гуногун бо забони фаронсавӣ низ кам нестанд.

Элза Пинёл изҳор дошт, ки мехоҳанд дар оянда дар самти ғанӣ гардонидани фонди Китобхонаи миллӣ бо китобҳо ба забони фаронсавӣ ҳамкорӣ намоянд. Ҳамчунин пешниҳодҳои гуногун дар самти омӯзиши забони фаронсавӣ ба алоқамандони ин забон дар Китобхонаи миллӣ ва доир намудани чорабиниҳои гуногун дар толорҳои барҳаво ва дорои шароити хуби ин муассиса мавриди суҳбат қарор гирифтанд.

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даврҳои омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ, куриёӣ, олмонӣ ва чинӣ амал мекунанд, ки хоҳишмандон метавонанд иштирок намуда, сатҳи забондониашонро баланд бардоранд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элза Пинёл ҳамчунин мусаввараҳои таърихӣ, Осорхонаи китоб, толори китобҳои тозанашр ва гӯшаи китоби Ҷумҳурии Фаронсаро, ки дар толори шуъбаи адабиёти хориҷӣ ҷой гирифтааст, тамошо намуд.

Дар анҷоми мулоқот ҳамчун рамзи дӯстӣ ба Элза Пинёл китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён»-и Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид.

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Февраль 7, 2025 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид