Дар «Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд

Февраль 1, 2025 13:29

ДУШАНБЕ, 01.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе» вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 28 декабри соли 2024  ҳамоиш баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар»  дар  «Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе»  хабар доданд.

Директори  «Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе»  Асҳобиддини Шералӣ  иброз дошт, ки «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дар баробари дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа,  ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Сарвари давлат  ин соҳаро яке аз самтҳои афзалиятноктарин дар меҳвари сиёсати хеш арзёбӣ намуданд».

-Бояд гуфт, ки пайваста аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва рушди соҳаи маориф дар  ҷумҳурӣ чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодааст. Зеро омӯзгорон дар иҷрои рисолати пуршарафи хеш, дар амри соҳибмаърифату соҳибкасб гардонидан, дар руҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ ва забондонӣ тарбия намуда,  ба камол расонидани насли наврас масъулияти баланд доранд»,-изҳор дошт Асҳобиддини Шералӣ .

Сипас,  дар ҳамоиш оид ба солҳои 2025-2030 дар Тоҷикистон эълони гардидани Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ибрози назар карда шуд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки воқеан ҳам эълони Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия дар ҳошияи раванди рақамикунонии ҷаҳонӣ тадбири муҳим ба ҳисоб рафта, муҳиммияти масъаларо барои дар 5 соли оянда дар  сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани рақамикунонӣ дар мамлакат тақозо менамояд.

«Дар ин замина барои расидан ба ин ҳадафи бузурги стратегӣ мебояд ин роҳнамоиро ҳамчун дастурамали фаъолияти худ қабул намуда, ҷиҳати расидан ба ин ҳадафи бузург бо аз бар намудани технологияҳои нави рақамӣ, дар рушди иқтисоди инноватсионӣ саҳми босазои худро гузорем»,-таъкид гардид дар ҳамоиш.

Тазаккур дода шуд, ки бузургтарин дастоварди замони соҳибистиқлолӣ — сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд. Аз ин рӯ моро мебояд ба қадри неъматҳои истиқлол бирасем ва барои насли ояндаи худ як давлати ободу осуда ва пешрафтаро ба мерос гузорем.

Директори муассисаи мазкур даъват намуд, ки баҳри   пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол, мо, омӯзгорон бояд  насли ояндасози миллатро бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ таълиму тарбия  намуда,  ҷиҳати саводнок гаштани онҳо ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат пайваста кушиш  намоем.

АКС: Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе»

 

                         

Февраль 1, 2025 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Саноатсодиротбонк» оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2026 барои соҳаи маориф қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли пешин 25,4 фоиз зиёд аст
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиши сиёсӣ доир шуд
РИОЯИ ОДОБУ РУСУМИ НЕКИ МИЛЛӢ. Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон доир ба омӯзиши Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба иҷрои супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҷаласа доир шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонун дар бораи сиёсати аграрӣ таҳия мегардад
МАРКАЗИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Чаро бояд чунин марказ таъсис дода шавад?
Таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон аст
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ҳифз ва рушди мероси таърихию фарҳангӣ нақши намоён дорад