Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Февраль 21, 2025 14:33

ДУШАНБЕ, 21.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон Маҳмалалӣ Ватанзода ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

 Маҳмадалӣ Ватанзода иброз намуд, ки ҳар давлат дорои артиши миллии  худ аст. Артиши миллии Тоҷикистон замоне таъсис дода шуд, ки раванди тезутундшавии  вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат дар ҳолати ноором қарор дошт ва низомиёни касбӣ ҳам дар ҷумҳурӣ кам буданд.

«Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, сарфи назар аз он ки мамлакатро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шуруъ намуд, вале барои бунёди он ягон заминаи моддию техникӣ вуҷуд надошт. Яъне ташкили Артиши миллии мо дар заминаи холӣ, аз сифр шуруъ шуда, имрӯз ба неруи тавонои ҳарбӣ табдил ёфтааст», — баён намуд ӯ.

Иброз гардид, ки ҳифзу ҳимояи амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа ва ҳаёти осудаи сокинони мамлакат бар зиммаи хизматчиёни ҳарбӣ, яъне ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзу ҳуқуқ гузошта шудааст. Онҳо вазифадоранд, ки ин неъмати бебаҳо- сулҳу субот ва оромию осоиши ҷомеаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд.

Таъкид гардид, ки ҳар ҷавон бо хизмати содиқона бояд исбот намояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари сокинони мамлакат ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Точикистон

Февраль 21, 2025 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Артиши миллии Тоҷикистон неруи пояндаи давлату миллат мебошад
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили суботу амният ва таъминкунандаи рӯзгори босаодати мост
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид