Дар Маҷмааи сайёҳии «Сафеддара» Форуми блогерон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 11.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 11-12 феврал таҳти унвони «Нақши блогерон дар рушди ҷомеа, пешбурди фарҳанг ва арзишҳои миллӣ» дар Маҷмааи сайёҳии «Сафеддара»- бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, намояндагони ташкилоти байналмилалӣ ва блогерон Форуми блогерон баргузор мегардад.
Ҳадафи асосии форум мусоидат ба сиёсати давлатии иттилоотӣ, густаришу ҳамкорӣ байни блогерон ва ниҳодҳои давлатӣ, инчунин истифодаи самараноки шабакаҳои иҷтимоӣ барои рушди ҷомеа мебошад.
Бо назардошти зиёд гардидани аҳамияти шабакаҳои иҷтимоӣ ва нақши истифодабарандагони он дар рушди фазои иттилоотӣ, зарурати зиёд намудани чорабиниҳо барои фаҳмонидани истифодаи дуруст ва оқилонаи онҳо ба миён омадааст. Дар айни замон шабакаҳои иҷтимоӣ на танҳо бо мақсади муошират истифода мешаванд, балки барои пешбурди тиҷорат, инчунин паҳн кардани иттилооти аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим фаъолона истифода мегарданд.
Бояд таъкид намуд, ки фаъолияти блогерон ба технологияи муосири иттилоотии рақамӣ алоқаманд буда, ташкили муколамаи самаранок ва дарёфти роҳҳои ҳамкорӣ бо онҳо дар шароити имрӯз аҳамияти калон дорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






