Дар Маҷмааи сайёҳии «Сафеддара» Форуми блогерон баргузор мегардад

Февраль 11, 2025 11:15

ДУШАНБЕ, 11.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 11-12 феврал таҳти унвони «Нақши блогерон дар рушди ҷомеа, пешбурди фарҳанг ва арзишҳои миллӣ» дар Маҷмааи сайёҳии «Сафеддара»- бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, намояндагони ташкилоти байналмилалӣ ва блогерон Форуми блогерон баргузор мегардад.

Ҳадафи асосии форум мусоидат ба сиёсати давлатии иттилоотӣ, густаришу ҳамкорӣ байни блогерон ва ниҳодҳои давлатӣ, инчунин истифодаи самараноки шабакаҳои иҷтимоӣ барои рушди ҷомеа мебошад.

Бо назардошти зиёд гардидани аҳамияти шабакаҳои иҷтимоӣ ва нақши истифодабарандагони он дар рушди фазои иттилоотӣ,  зарурати зиёд намудани чорабиниҳо барои фаҳмонидани истифодаи дуруст ва оқилонаи онҳо ба миён омадааст. Дар айни замон шабакаҳои иҷтимоӣ на танҳо бо мақсади муошират истифода мешаванд, балки барои пешбурди тиҷорат, инчунин паҳн кардани иттилооти аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим фаъолона истифода мегарданд.

Бояд таъкид намуд, ки  фаъолияти блогерон ба  технологияи муосири иттилоотии  рақамӣ алоқаманд буда, ташкили  муколамаи самаранок ва дарёфти роҳҳои ҳамкорӣ бо онҳо дар шароити имрӯз аҳамияти калон  дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 11, 2025 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст