Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони доимии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 24.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 феврал дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони доимии кишварҳои аъзои Иттиҳод дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳод баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хабар медиҳад.
Дар ҷаласа Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев иштирок менамояд.
Дар ҳамоиш намояндагони доимӣ натиҷаҳои фаъолияти Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдӣ дар солҳои 2020-2024, иҷрои «Харитаи роҳ» оид ба татбиқи ташаббусҳои аз ҷониби роҳбарони ҳайатҳо дар ҷаласаҳои Шурои сарони давлатҳо, Шурои сарони ҳукуматҳо, Шурои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаи амният изҳоршударо муҳокима менамоянд.
Иштирокчиёни ҷаласа нақша доранд, ки пешниҳодҳо оид ба лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро баррасӣ намоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил








Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






