Дар ноҳияи Рӯдакӣ барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсӣ муаррифӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 24.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрии намояндагони Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби Демократи Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо интихобкунандагон доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вохӯрӣ намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ барномаҳои пешазинтихоботии худро манзури ҳозирин гардонида, номзадҳои пешбаригардидаро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаҳои интихоботӣ барои иштирок дар маъракаи муҳимми сиёсӣ-интихобот муаррифӣ намуданд. Онҳо аз риояи баробарҳуқуқии тамоми ҳизбҳои сиёсӣ дар интихобот изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Иштирокдорон иброз доштанд, ки дар қатори дигар соҳаҳо масъалаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар меҳвари барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсӣ қарор доранд. Инчунин гиромидошт, ҳифзи фарҳанги миллӣ ва иттилоот дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ мақоми махсусро ишғол менамояд. Зеро фарҳанги миллӣ ҷузъи ҷудонашавандаи ҳувияти ҳар миллат мебошад.
Дар идома намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ нуктаҳои муҳимми барномаҳои пешазинтихоботияшонро тавзеҳ дода, ба саволҳои иштирокчиёни ҳамоиш ҷавобҳои мушаххас доданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон