Дар шаҳри Хуҷанд лоиҳаи «Шаҳри бехатар» амалӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 12.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи апрели соли равон дар шаҳри Хуҷанд татбиқи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» оғоз мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд.
Барои назорати ҳаракати воситаҳои нақлиёт, низоми идоракунии видеоӣ, васли таҷҳизоти видеоӣ барои нақлиёти кормандони милитсия ва дигар тадбирҳои бехатарӣ дар шаҳр 20 миллион доллар пешбинӣ шудааст. Дар айни замон 90%-и корҳои ин лоиҳа ба анҷом расидааст.
Дар доираи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар роҳҳои мошингард ва дигар ҷойҳои сайругашти оммавии мардум камераҳои назоратӣ насб карда мешаванд.
Ҳадаф аз татбиқи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» назорати ҳаракати нақлиёт, пешгирии садамаю қонунвайронкуниҳо ва ҳодисаҳои нохуш мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






