Дар шаҳри Кӯлоб барои таъмини сокинон бо оби нӯшокӣ беш аз 12 миллион сомонӣ ҷудо гардид
ДУШАНБЕ, 27.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Барои сари вақт кашонидани партовҳо, равшаннамоии кӯчаю хиёбонҳо ва таъмини сокинони шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокӣ соли равон 12,6 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки имсол татбиқи лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб», ки 16,2 миллион евроро ташкил медиҳад, ба анҷом мерасад.
Бо татбиқи ин лоиҳа ғунҷоиши ҳавзҳои захиравии оби нӯшокӣ дар шаҳр 21,5 ҳазор метри мукааб афзоиш ёфта, таъмини аҳолии маркази шаҳр бо оби нӯшокӣ беҳтар гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






