Дар шаҳри Норак ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,4 миллиард сомонӣ расид

Февраль 10, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 10.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар шаҳри Норак ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,4 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2023 119,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Норак Иброҳим Мирзозода иттилоъ дод.

«Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар шаҳр 23 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора дар давраи ҳисоботӣ танҳо 1 корхона фаъолият накард. Соли 2024 дар шаҳр 3 корхонаю коргоҳ бо 50 ҷойи кори нав мавриди истифода қарор дода шуд», — гуфта шуд дар нишаст.

Иброз гардид, ки соли 2024 2396 нафар барои пайдо кардани ҷойи кор муроҷиат намуд, ки аз ин шумора 1112 нафар бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин шуданд.

Ҳамчунин дар шаҳр 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 202,6 миллион доллар амалӣ мегардад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

Февраль 10, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд