Дар Теҳрон дар мавзуи «Мероси адабии Рӯдакӣ» нишасти илмию адабӣ баргузор гардид

Февраль 5, 2025 11:12

ДУШАНБЕ, 05.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон дар ҳамкорӣ бо Анҷумани эроншиносӣ ва Муассисаи мутолиоти Эрон ва Авруосиё 3 феврал дар толори фарҳанги Китобхонаи миллии Эрон дар мавзуи «Мероси адабии Рӯдакӣ» нишасти илмию адабӣ баргузор намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон хабар медиҳад.

Дар ибтидои нишаст муовини Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, Раиси Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Эрон Ғуломризо Амирхонӣ ва муовини сиёсии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳдӣ Саноӣ оид ба ҷойгоҳи Рӯдакӣ дар таърихи шеъру адаб ва осору андешаи Одамушшуаро, ки дастурамали маънавии инсонсоз барои наслҳои дирӯз, имрӯз ва фардо мебошанд, сухан гуфтанд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ Рӯдакиро нахустин ва бузургтарин шоири тоҷик номид, ки  анвои гуногуни шеърӣ, мисли қасида, ғазал, қитъа, маснавӣ ва рубоиро    дар беҳтарин ва расотарин қолаб эҷод карда, низоми комили мавзуот, вазн, қофия ва санъатҳои бадеиро  дар шеъри тоҷикӣ — форсӣ ба вуҷуд овардааст. Ба ин маънӣ,  Рӯдакӣ  шоири роҳкушое буд, ки пасовандон дар арсаи шеъру шоирӣ пайрави роҳи ҳамворкардаи ӯ дар шеъру шоирӣ шуданд ва давоми ҳазор соли баъдӣ суннатҳои пайрезинамудаи падари маънавии худро идома бахшиданд.

Таъкид гардид, ки бо зуҳури Рӯдакӣ ва шеъри Рӯдакивор дар аҳди Сомониён забони тоҷикӣ ба саҳнаи ҳамовардӣ бо забони арабӣ ба унвони забони шеъру адабу илм ворид гардид. Аз ин рӯ яке аз хизматҳои бузург ва бемисли Рӯдакӣ он буд, ки ӯ  иқтидори забони тоҷикиро ба унвони забони шеър пас аз ду қарни тасаллути забони арабӣ дар паҳнаи шеъру адаб ба таври комил ба намоиш гузошт.

Низомиддин Зоҳидӣ Рӯдакӣ ва рӯдакишиносиро  яке аз муҳимтарин  меҳварҳои равобити фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Эрон хонда, таҳияи девони илмӣ – интиқодии Рӯдакиро дар заминаи дастовардҳои илми матншиносии муосир яке аз муҳимтарин корҳое донист, ки имрӯз дар рӯдакишиносӣ бояд бо ҳамкории донишмандони ду давлат анҷом пазирад.

Дар идомаи нишаст донишмандони маъруфи эронӣ  Асғари Додбеҳ,  Маҳмуд  Ҷаъфарии Деҳақӣ, Алиашрафи Муҷтаҳиди Шабистарӣ ва дигарон дар бораи вижагиҳои осори Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва  рамзу рози мондагории мероси адабии Одамушшуаро сухан гуфтанд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон

Февраль 5, 2025 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бунёд карда мешавад
«УМРЕ БО МУСИҚӢ». Дар Душанбе ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Ба гиромидошти асосгузори мактаби классикии шеър-мусиқии замони Сомониён Абулаббоси Бахтиёр симпозиуми байналмилалӣ доир шуд
Дар Ҳисор маҳфил-озмуни «Шоҳнома Ватан аст!» оғоз гардид
Директори Хадамоти федералии приставҳои судии Федератсияи Русия бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Дар Китобхонаи миллӣ даври аввали озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Дастхатҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ ба рӯйхати «Ҳофизаи ҷаҳонӣ»-и ЮНЕСКО дохил шуданд
СОЛИ ФАРҲАНГИ КИТОБХОНӢ. Дар доираи он дар вилояти Хатлон конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Бойгонии апостолии Ватикан ва Китобхонаи апостолии Ватикан Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Осорхонаҳои миллии Тоҷикистон ва Беларус ҳамкории осорхонавиро густариш медиҳанд
«НАКҲАТИ БАҲОР». Таҳти ин унвон намоиши асарҳои эҷодӣ ифтитоҳ ёфт
Дар Тоҷикистон Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» баргузор мегардад