Дар Тоҷикистон низоми электронии сабти таваллуд ва фавт дар таваллудхонаҳои шаҳру ноҳияҳо амалӣ мегардад

Февраль 20, 2025 11:17

ДУШАНБЕ, 20.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. 19 феврал дар Маркази омор ва иттилооти тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалӣ намудани низоми электронии сабти таваллуд ва фавт дар таваллудхонаҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои мутахассисоне, ки дар таваллудхонаҳо дар самти қайди таваллуд ва фавт фаъолият мекунанд, даври омӯзишӣ гузаронида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар даври омӯзишӣ мутахассисони соҳа аз шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Варзоб ва Файзобод иштирок намуда, оид ба ҷараёни рақамикунонии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳу усулҳои амалӣ намудани низоми электронии сабти таваллуд ва фавт ва дигар масъалаҳои ба ин соҳа алоқаманд маълумот пешниҳод намуданд.

Низоми электронии сабти таваллуд ва фавт яке аз унсурҳои муҳими раванди рақамикунонии соҳаи тандурустӣ мебошад, ки ба беҳтар намудани идоракунии маълумоти демографӣ ва баланд бардоштани дақиқии омор равона шудааст. Ин низом на танҳо сабти рӯйдодҳоро ба таври автоматикӣ таъмин мекунад, балки имкон медиҳад, ки маълумоти мукаммал дар бораи шароити таваллуд ва сабабҳои фавт дастрас гардад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 20, 2025 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон