Дар вилояти Хатлон бо сарбозон вохӯрӣ баргузор гардид

Февраль 22, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 22.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи хеле ҳассоси таърихӣ артиши пароканда ва номукаммал дар муддати кӯтоҳ ба қувваи бузург табдил ёфт. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сипари боэътимоди давлат маҳсуб шуда, сафи онро аксаран ҷавонони ватандӯст пурра менамоянд.  Ин матлабро 21 феврал Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни вохӯрӣ бо сарбозон иброз намуд.

Тавре  ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, бахшида ба 32-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини вилоят бо сарбозону афсарони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ намуданд. Ҳамчунин дар ин рӯз аз ҷониби раиси вилоят ба сарбозони шуҷои Ватан китобҳои бадеӣ тақдим гардид.

Дар вазъияти мураккаби таҳдиду хатарҳои замони муосир ҳифзи марзу буми мамлакат масъулияти асосии хизматчиёни ҳарбӣ мебошад. Дар чунин шароит мо бояд зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани ҳамаи арзишҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро аз даст надиҳем.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Февраль 22, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
Артиши миллии Тоҷикистон неруи пояндаи давлату миллат мебошад
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили суботу амният ва таъминкунандаи рӯзгори босаодати мост
«БА ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ». Бо ҷалби 13 ҳазор афсару сарбоз маросими ҷоизасупории ин фестивал доир гардид
Рӯзи таъсисии Қувваҳои Мусаллаҳро дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиши фарҳангӣ доир гардид
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ: «Артиши миллии Тоҷикистон ба яке аз рукнҳои муҳимми давлатдории навини тоҷикон мубаддал гардидааст»
ИМРӮЗ — РӮЗИ ТАЪСИСИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Давлат бо Артиши миллӣ муқтадиру пойдор мемонад
СИПАҲСОЛОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Артиши миллӣ — артиши дар ибтидо пароканда ва номукаммале, ки имрӯз ба қувваи бузург ва ифтихори тоҷикон табдил ёфтааст
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ барои сарбозон саёҳат ба мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Душанбе ташкил карда шуд
ҶОННИСОР, ШАБЗИНДАДОР ВА БОИСИ ИФТИХОР! Имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипари боэътимоди давлат ва миллат аст
ЗАНОНИ НИЗОМИПӮШ. Дар баробари зан-модар будан масъулияти ҳимояи Ватанро низ бар дӯш доранд