Доир ба татбиқи «Ҷадвали тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2025» ҷаласа баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 05.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 феврал ҷаласаи якҷояи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 21 январи соли 2025 «Дар бораи тасдиқи «Ҷадвали тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2025» баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ҷаласа бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва масъулини шуъбаю бахшҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир гардид.
Дар ҷаласа Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода иброз доштанд, ки бо азму талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иди байналмилалии Наврӯз, ҷашнҳои Сада, Тиргон ва Меҳргон мазмуну моҳияти нав пайдо карда, ба беҳтарин ойинҳои умумибашарӣ табдил ёфтаанд. Ин барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мероси бойи таърихию фарҳангии миллати тамаддунофари тоҷик заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Иди байналмилалии Наврӯз бо сифатҳои башардӯстонааш, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шуда, бо хусусияти писандидааш, ки некию накӯкорӣ, хуррамию хушҳолӣ, шодмонию нишот ва саодату пирӯзиро талқин мекунад, метавонад заминаи устувори рушди ҳамкории муштараки фарҳангию сайёҳии кишварҳоро ташкил намояд.
Дар асоси ин тақвим дар рӯзҳои баргузории Иди байналмилалии Наврӯз дар пойтахти мамлакат якчанд чорабиниҳо, аз ҷумла Форуми IV байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ», маросими истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз аз баландтарин мавзеи шаҳри Душанбе, консерти идона бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз, Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯзи Душанбе — 2025», Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ», Фестивали «Таомҳои миллӣ», Фестивали «Бозиҳои варзишии наврӯзӣ», барномаҳои фарҳангӣ дар ноҳияҳои пойтахт бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз, Фестивали дӯстии ҷавонони пойтахт таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ», Мусобиқаи гӯштини миллии «Гӯштингирӣ» ва Мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ ва бузкашӣ баргузор карда мешаванд.

Ҳамчунин дар асоси тақвим аз ҷониби шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе видеороликҳои тарғиботӣ оид ба баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ дар шаҳри Душанбе таҳия гардида, дар ҷаласа муаррифӣ карда шуданд.
Хоҳишмандон метавонанд видеороликҳои тарғиботии чорабиниҳои наврӯзиро, ки бо сифати баланд дар «Google Диск» нигоҳдорӣ шудаанд, тавассути QR-рамз боргирӣ намоянд.
Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз бо мақсади рушду тавсеаи соҳаи сайёҳӣ, ташаккул ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ, пешбурди маҳсулоти сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф, истифодаи оқилонаи захираҳои табиию реакреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангии мамлакат, бахусус шаҳри Душанбе таҳия ва тасдиқ карда шудааст.
Ҳамзамон дар доираи ҷаласа ширкатҳои сайёҳӣ вазифадор карда шуданд, ки бо истифода аз Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз — 2025 бастаҳои сайёҳӣ таҳия ва ба фурӯш бароварда, барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон тадбир андешанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар қаламрави Тоҷикистон, бахусус пойтахти он – шаҳри Душанбе бо иқдоми созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Иди байналмилалии Наврӯз дар сатҳи баланд ва бошукуҳ таҷлил гардида, дар доираи он чорабиниҳои мухталифи фарҳангию фароғатӣ, илмию амалӣ ва оммавию варзишӣ бо шаҳомати хосса баргузор мегарданд. Ин ҳама иқтидори фарҳангии пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанберо бо шаҳрҳои бузурги олам ҳамоҳанг намудааст.
АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд






