Эмомалӣ Раҳмон: «Се ҷашни миллии мо – Наврӯз, Сада ва Меҳргон аз ҷониби мардуми фарҳангпарвари ҷаҳон пазируфта шудаанд»

Февраль 1, 2025 09:00

ДУШАНБЕ, 01.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Сада таъкид намуданд, ки имрӯз се ҷашни миллии мо – Наврӯз, Сада ва Меҳргон бо номҳои равону зебои тоҷикии худ аз ҷониби мардуми фарҳангпарвари ҷаҳон пазируфта шудаанд ва таҷлил мешаванд. Зеро дар ҷашнҳои миллии мо на танҳо арзишҳои фарҳанги бостонӣ ва ниятҳои неку созандаи мардуми мо бозтоб гардидаанд, балки онҳо ифодакунандаи идеяву ормонҳои пурарзиши башарӣ низ мебошанд.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки ҷашни Сада аз ҷумлаи расму ойинҳои аҷдодие мебошад, ки аз даврони хеле қадим ба мо мерос монда, бо ҷашнҳои дигари миллиамон, бахусус Наврӯзи байналмилалӣ иртиботи қавӣ дорад. Ба ақидаи маъмул, номи ҷашни Сада аз рақами сад гирифта шуда, зери ин мафҳум маъниҳои зиёде нуҳуфтаанд.

Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Ат-тафҳим» сабаби «Сада» номгузорӣ шудани ин ҷашнро ба миқдори рӯзҳои то иди Наврӯз боқимонда, яъне панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз рабт медиҳад.

«Дар робита ба ин муҳим аст таъкид намоем, ки номи ҳама ҷашнҳои бостонии мо реша дар забони модарии ширину гуворои мо доранд ва калимаи «сада» вожаи ноби тоҷикӣ аст, ки аз адади сад таркиб ёфтааст», — таъкид намуданд Пешвои миллат.

Ҷашни Сада аз омадани баҳор, омода шудани замин барои кишту кор, огоҳӣ аз анҷоми фасли сармо ва наздик омадани Наврӯз – соли нави аҷдодӣ башорат медиҳад.

Панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз пеш аз фарорасии ҷашни Наврӯз таҷлил гардидани Сада кишоварзони моро водор месозад, ки ба истиқболи сазовори Наврӯзи ҷаҳонӣ ва кишту кори баҳорӣ омодагии ҳаматарафа бинанд.

АКС аз бойгонӣ

Февраль 1, 2025 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон