ФУТБОЛ. Тоҷикистон мизбони марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои мунтахаби занон интихоб шуд
ДУШАНБЕ, 27.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё мизбонони бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занонаро тасдиқ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Бозиҳои интихобӣ дар ҳашт мамлакат: Тоҷикистон, Камбоҷа, Индонезия, Урдун, Мянмар, Тайиланд, Узбекистон ва Ветнам баргузор мешаванд.
Дар даври интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар маҷмуъ 33 дастаи миллии занона иштирок менамоянд. Аз рӯйи натиҷаи қуръакашӣ ҳашт гурӯҳ ташкил карда мешавад: як гурӯҳ аз панҷ даста ва ҳафт гурӯҳ аз чор дастаӣ иборат хоҳанд буд.
Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занона аз 23 июн то 5 июли соли равон баргузор мешавад. Рақибони дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон 27 март дар маросими қуръакашии марҳилаи интихобӣ маълум мешаванд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






