«ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАРБИЯИ ҶАВОНОН». Дар Душанбе ҳамоиши илмӣ-адабӣ доир гардид

Февраль 27, 2025 11:14

ДУШАНБЕ, 27.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби маҳфили доимамалкунандаи «Адибони ҷавон»-и назди кумита таҳти унвони «Худшиносии миллӣ ва нақши он дар тарбияи ҷавонон» маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Иброз гардид, ки дар доираи амру пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба баргузории озмунҳои бузурги адабӣ, ба монанди «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва фестивалу ҳамоишҳои ҷумҳуриявӣ дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш маҳфили доимамалкунандаи «Адибони ҷавон» таъсис дода шудааст.

Ҷавононро мебояд, ки китобҳои зиёд мутолиа намоянд ва ҷаҳонбиниашонро васеъ кунанд. Зеро китобу адабиёт қувваи бузурги дарккунӣ ва эҳсоси инсонро комил месозанд.

Иштирокчиён вобаста ба аҳамият ва нақши Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллии ҷавонон, ҳамзамон осори бузургони адаб, ба монанди Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва Сино ибрози ақида намуданд. Онҳо омӯзиши адабиётро яке аз воситаҳои асосии ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ арзёбӣ намуданд.

Насли наврасу ҷавон дар ҷараёни омӯзиши осори пурғановати адибони номвари миллат ва мутолиаи шоҳасарҳои бузургони адаб бо сарнавишти ниёгони хеш шинос мегардад.

Маҳфили «Адибони ҷавон» ба баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандӯстӣ мусоидат намуда, дар замиру ботини насли наврас нақши созгор мегузорад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 27, 2025 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд