Ҳимояи марзу бум вазифаи ҷонии ҳар афсару сарбоз ва сокини ифтихорманди Тоҷикистон мебошад

Февраль 20, 2025 18:00

 ДУШАНБЕ, 20.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дифоъ аз  марзу буми меҳан бар уҳдаи сарбозони далер ва шуҷои Ватан мебошад ва хушбахтона, ин масъулият ва вазифаи худро фарзандони баномуси тоҷик, сарбозони далери Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона иҷро менамоянд. Ин далели неруи бузург ва тарбияи баланди касбию маҳорати афсарону аскарони Артиши миллӣ аст. Чунин ибрози назар намудааст ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

-Ҳар давлат фақат бо қудрат ва тавоноии артиши худ метавонад дар арсаи байналмилалӣ мақоми низомияшро муаррифӣ созад. Артиш ҷузъи муҳими давлатдорӣ буда, кафили асосӣ барои пойдории давлат ҳисобида мешавад.

Барои ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон таъсиси Артиши миллӣ осон набуд ва аз ҳама муҳимаш базаи моддиву техникӣ талаб менамуд. Дар фурсати кӯтоҳ ташкил намудани он кори саҳл набуд ва барои ин вақт зарур буд. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллиро таъсис доданд ва 23 феврал аввалин гузашти ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Албатта, ин рисолати бузург ва амри зарурӣ- таъсиси Артиши миллӣ бо иродаи қавӣ, матонат, хирадмандию ватандӯстии  Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷро гардид, ки ин кори наҷиб ва барои давлату миллати тоҷик хеле зарурӣ маҳсуб мешуд. Ва феълан метавон гуфт, ки  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз артишҳои неруманди минтақа табдил ёфта, вазифаи бузурги хешро ба сомон мерасонад. Ва ин мактаби мардонагию шуҷоат аст, ки дар саргаҳи таъсиси он, дар саргаҳи шаклгирии мактаби миллии ҳарбӣ Сарвари хирадманди мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд.

Албатта, ин мактаб метавонад барои тарбия намудани насли ватандӯсту худогоҳу хештаншинос, содиқу баномус ва шуҷою далер саҳм гузорад ва дар шаклгирии тафаккури ватандӯстонаи насли ҷавон таъсири амиқ гузорад. Аз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеа умеди калон дорад ва ҳамеша дар ҳамкорию ҳамгироии муштарак қарор дорад. Таъмин намудани сулҳу субот дар ҷумҳурӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ин ниҳод мебошад ва ҳамин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: «Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсис вазифаҳои муқаддасу пуршараф – ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа ба дӯши онҳо гузошта шуданд».

Воқеан ҳам ҳимояи соҳибихтиёрию бахтиёрии миллат аз фаъолияту талошҳои хизматчиёни Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан афсарону сарбозон сахт вобастагӣ дорад ва иҷрои ин амри зарурӣ рисолати муқаддас дар роҳи давлатдорию ватандӯстӣ мебошад.

Мо хуб огоҳӣ дорем, ки бо чӣ мушкилию талошҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ таъсис доданд ва барои пойдориву сулҳу суботи ҷумҳурӣ чӣ хидматҳои бузурге анҷом доданд. Ва ин хидматҳоро танҳо давлатмардони шуҷоъ анҷом медиҳанд ва ҳамин аст, ки имрӯз Пешвои миллати мо маҳбуби тамоми тоҷикони олам гардидаанду эҳтироми баландро соҳибанд.  Доир ба ташкили Артиши миллӣ ва ҳамчунин талошу кӯшишҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди давлати навини тоҷикон ва саодати ҳамешагии миллат собиқ фармондеҳи дивизияи 201-уми Федератсияи Русия Виктор Тимофеев дар ёддоштҳои худ чунин навиштааст: «Эмомалӣ Раҳмон ифтихори шумост, бояд фахр намоед, ки тоҷикед ва чунин Пешво доред. Ояндаи Тоҷикистон дурахшонтар аст. Ватанро дӯст доред ва ба қимати ҷони худ онро ҳимоя кунед».

Ин ҳарфҳо боз ҳам бар он ишора менамоянд, ки ҷаҳониён хидматҳои бузурги Пешвои миллатро дидаву баҳои баланд медиҳанд ва мо тоҷикистониён бояд ба қадри ин ҳама бирасем ва шукргузор бошем, ки дар давраи мушкили геосиёсӣ соҳиби давлати миллӣ гардидем ва ин ҳам ба шарофати талошҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Тавре иброз доштем, имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон яке аз бузургтарин қувваҳои низомӣ ба ҳисоб меравад ва аллакай дар муддати кӯтоҳ соҳиби мактаби милливу муосир гардидааст. Ин дастоварди бузург ва муваффақияти миллати сарбаланди тоҷик мебошад.

Имрӯз бе муболиға метавон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори мактаби миллии низомии мамлакат мебошад. Афсарону сарбозони Тоҷикистон аллакай дорои мактаби хосса ҳастанд. Дар робита бар ин Роҳбари давлат чунин ишора намудаанд: «Боварӣ дорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандиашонро дар назди Ватан-Модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо менамоянд».

Воқеан ҳам ин боварӣ ва ин умеди Пешвои миллат аз натиҷаи фаъолияти пурсамари сарбозону афсарони Артиши миллӣ дарак  медиҳад ва ҳар тоҷикистонӣ низ ба сарбозони Артиш чунин боварию эътимод дорад, бо боварӣ сар ба болин мемонад, ки Ватанро афсарони ватандӯсту далеру шуҷоатманд дифоъ менамоянд. Гуфтан зарур аст, ки мардуми Тоҷикистон бо сарбаландӣ ва саодати комил аз суботу осоиштагии мамлакат меболанд, ки дар ин ҷода хизмати сарбозони далери Ватан ва афсарони шуҷои Артиши миллӣ басе бузург мебошад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси Артиши миллӣ ва хизмати бузургу нақши он дар таъмини суботи ҷумҳурӣ нигоштаанд: «Мо ба шарофати истиқлолият соҳиби Артиши миллӣ шудем. Шукронаи онро мекунем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи худро бунёд карда тавонистем. Вале ин ҳанӯз кам аст. Дар назди неруҳои низомии мо корҳои бисёре истодаанд. Мо мехоҳем, ки низомиёни мо чун падару бобоёни худ бо халқ ҳамдилу ҳамнафас бошанд, аз ҷониби шаҳрвандон чун ҳимоятгари Ватан пазируфта шаванд. Аз ин рӯ, ҳар афсару сарбозро зарур аст, ки беҳтарин анъанаҳои ҳарбиро ривоҷ диҳад, аз интизоми намунавӣ, матонат ва садоқати ба халқу Ватан доштаи наслҳои гузашта сабақ гирад».

Бале, таърихи гузаштаи миллати сарбаланди тоҷик нишон медиҳад, ки гузаштагони пурифтихорамон аз маҳорати баланди ҳарбӣ бархӯрдор буданд ва тамрини доимиву обу тоб ёфтан дар ҳар гуна шароитро барои дифоъ аз Ватан кори рӯзмарраи хеш меҳисобиданд.

Гуфтан зарур аст, ки ватандӯстӣ ва садоқат ба миллат барои ҳар фарзанди мамлакат бояд шиори аслӣ бошад, чунки танҳо фарзандони ватандӯст ва садоқатманд ба арзишҳои олии инсонӣ ва нигоҳдорандаи оини ватандӯстӣ метавонанд дар лаҳзаҳои душвор ҷон ба каф гирифта, аз марзу буми хеш дифоъ намоянду рисолати инсониву сарбозии хешро ба анҷом бирасонанд. Дифоъ аз номуси миллӣ- ин дифои муқаддас ҳисобида мешавад. Анҷом додани хидмати сарбозӣ гузаштан аз мактаби мардонагию маҳорати низомӣ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Беларус дар робита ба заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди Тоҷикистон ва сулҳу оштӣ дар ҷумҳурӣ чунин ибрози назар намудааст: «Тоҷикони шуҷоъ ва заҳматкаш, боистеъдод ва меҳмоннавоз аз Президенти худ Эмомалӣ Раҳмонов ифтихор менамоянд. Сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи ин инсон бори дигар таъкид менамоям, ки ҷумҳуриро ҳифз намуд, сулҳу оромиро ба ин сарзамин овард. Ва ба ин на танҳо шумо арҷ мегузоред. Мо ҳама – дар  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — ба ин кори наҷиб арҷ мегузорем. Зеро сулҳ ва оромӣ дар ин замин — ин сулҳу оромӣ дар Беларус, дар Русия ва дар дигар давлатҳо мебошад».

Дар ҳақиқат  нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохтани давлати миллии тоҷикон бузургу таърихист, зеро Сарвари давлат маҷрои таърихи ҷаҳониро тағйир дода, миллати бо сабабҳои хиёнати душманон аз империяи бузурги тоҷикон маҳрумгардидаро соҳиби давлати миллӣ сохтанд ва бо сулҳу салоҳи мудом таъмин намуданд. Ва ин хидмати бузург на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои минтақа низ мебошад.

Ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри ин ҳама талошҳою заҳматҳо бирасанд ва фикри ҳимояю созандагии Ватани азизро барои ҳамешагӣ дошта бошанд. Ҳимояи марзу буми мамлакат вазифаи ҷонии ҳар афсару сарбоз ва сокини ифтихорманди Тоҷикистон мебошад. Зеро ҳимоя аз марзи муқаддаси Тоҷикистон- ин иҷрои рисолати муқаддаси ватандӯстӣ мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 20, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бишкек ҷаласаи муштараки ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 32-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиши идона доир гардид
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Суғд бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ баргузор шуд шуд
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ЗАНОН ВА ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ. Занону духтарон ҳуқуқ доранд касбу ҳунар ва самти фаъолиятро озодона интихоб намоянд
«ВАТАНПАРВАР». Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи варзишию ҳарбӣ баргузор шуд
АРТИШ — СИПАРИ АМН, РАЗМ, ТАВОНУ ИҚТИДОР. Ҳадафи аслии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъмини амнияти халқу Ватан аст
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Дар Тоҷикистон ба забони модарии ҳамаи қавму миллатҳо эҳтиром гузошта мешавад
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИН МАВРИД ҲУШДОР ДОДА БУДАНД. Барномаи муҳити зисти СММ ба амалҳои фаврӣ дар мубориза бо буҳрони сегонаи сайёра даъват менамояд
ЧАРО БАЪЗЕ АЗ НИҲОЛҲОИ ШИНОНИДАШУДА ХУШК МЕГАРДАНД? Ва ё барои пешгирии ин ҳолат чӣ бояд кард?