Мулоқоти Президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ бо Вазири мудофиаи Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода дар Исломобод
ДУШАНБЕ, 15.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр дар шаҳри Исломобод мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – полковник Эмомалӣ Собирзода бургузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон дар самтҳои гуногун, аз ҷумла таъмини амнияту субот дар ҳарду мамлакат ва минтақа баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо дар шароити имрӯзаи ҳассоси вазъияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ боз ҳам мустаҳкам намудани робитаҳои хоса ва боэътимоди ҳарду мамлакати ба ҳам дусту бародарро муҳим шуморида, онро омили асосии таъмини амнияту субот дар минтақа арзёбҳ намуданд.
АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






