Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд

Февраль 28, 2025 08:10

ДУШАНБЕ, 28.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-5дараҷа хунук, рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11 дараҷа хунук, рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши борон ва  барф дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0+2 дараҷа гарм ва рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад.

Февраль 28, 2025 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад