Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДУШАНБЕ, 24.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 14-19дараҷа хунук, рӯзона 2-7дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Шамол аз ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук то 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4+6 дараҷа гарм ва рӯзона 16+18 дараҷа гарм мешавад.








Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
Дар Панҷакент Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид






