ИНТИХОБОТ-2025. Дар АМИТ «Ховар» бо иштироки коршиносони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ машварат баргузор гардид

Февраль 3, 2025 16:28

ДУШАНБЕ, 03.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Агентии миллии иттилотии Тоҷикистон «Ховар» бо иштироки коршиносони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати омӯзишӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Коршиносони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба ҳозирин ҷанбаҳои қонунгузорӣ ва тартиби иштироки намояндагони Воситаҳои ахбори оммаро  дар интихобот шарҳ доданд.

Ҳадаф аз баргузории ин машварат омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ, бахусус тақвият бахшидани нақш ва фаъолияти Воситаҳои ахбори омма дар инъикоси воқеъбинонаи омодагӣ ва ҷараёни баргузории интихоботи Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва мақомоти худидораи маҳаллии шаҳрак ва деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Носирҷон Салимӣ иброз намуд, ки яке аз чорабиниҳои муҳими соли 2025 интихобот ба маҷлисҳои маҳаллӣ ва Маҷлиси намояндагон мебошад. Ҳадафи ҷамъомади  имрӯза такмили сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандони агентӣ оид ба масъалаҳои қонунгузории интихоботии мамлакат, тартиби инъикоси раванди интихобот ва инъикоси он мебошад.

Коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Муҳаммадҷон Соҳибзода иброз намуд, ки интихобот яке аз равандҳои бозгӯкунандаи давлати демократӣ ба ҳисоб меравад. «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иштироки Воситаҳои ахбори омма дар давраи интихобот меъёрҳои мушаххас муқаррар кардааст. Ҳар меъёри муқарраршуда ба шаффоф, озод ва ошкоро гузаронидани интихобот равона гардидааст»,-гуфт ӯ.

Ҳамзамон таъкид намуд, ки дар моддаи 8-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «комиссияҳои интихоботӣ фаъолияти худро шаффоф мегузаронанд ва Воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ доранд раванди онро инъикос намоянд».

Ёдовар мешавем, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024 «Дар бораи таъйини интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ қабул гардид. Тибқи он интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 2 марти соли 2025 таъйин карда шуда, интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 марти соли 2025 таъйин гардидааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 3, 2025 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон доир шуд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Вазъи ҳуқуқии номзад ба вакилӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар ноҳияи Рашт барои дар сатҳи баланд гузаронидани интихобот машварати омӯзишӣ доир гардид
ИНТИХОБОТ-КАФИЛИ РУШДИ МИЛЛАТ. Дар Хуҷанд иқдоми тарғиботӣ гузаронида шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба нақши овози ҳар интихобкунанда дар интихобот машварати омӯзишӣ доир гардид
Дар ноҳияи Нуробод доир ба маъракаи интихобот машварати омӯзишӣ доир гардид
Номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ муаррифӣ шуданд
Барои аъзои комиссияи ҳавзавии интихоботии №1 дар ноҳияи Фирдавсӣ машварати омӯзишӣ баргузор гардид
Дар 39 ҳавзаи интихоботии шаҳри Бохтар номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқ пешбарӣ шуданд
Дар ноҳияи Шаҳринав барои дар сатҳи баланд гузаронидани интихобот машварати омӯзишӣ доир шуд
Аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешбарӣ гардиданд
Дар ноҳияи Шаҳринав оид ба маъракаи интихобот машғулияти омӯзишӣ доир гардид