ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Иштироки шаҳрвандон дар раванди интихобот ифодагари фарҳанги баланди сиёсии онҳо мебошад

ДУШАНБЕ, 26.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои таблиғотӣ барои интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ идома доранд. Зеро масъулияти шаҳрвандӣ ва ҷалб гардидани шаҳрвандон ба раванди интихобот ифодаи фарҳанги баланди сиёсии онҳо мебошад. Нақш ва мақоми шаҳрвандон дар маъракаи интихобот аз ҷониби коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Имомиддин Раҷабов шарҳ дода мешавад.
Фарҳанги баланди сиёсӣ ва масъулияти шаҳрвандон
Ба андешаи коршинос, фарҳанги баланди сиёсӣ масъулияти шаҳрвандонро барои тақдири давлати худ пешбинӣ менамояд, ки ин дар иштироки онҳо дар интихобот, баҳсу мунозира ва мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ зоҳир мегардад.
Фарҳанги сиёсии ҷомеа аз маълумот ва бархӯрдории иттилоотӣ низ вобаста мебошад, яъне шаҳрвандон аз равандҳои сиёсӣ, низоми сиёсӣ ва ҳуқуқи худ то чӣ андоза огоҳанд. Ҳар қадар мардум дар бораи номзадҳо, барномаҳои онҳо ва оқибатҳои эҳтимолии интихоби хеш огоҳ шаванд, сифати интихобот ҳамчун инъикоси рушди фарҳанги сиёсии ҷомеа ҳамон қадар баландтар мешавад.
Ҷиҳати дигаре, ки ба масъалаи интихобот алоқаманд аст, ин нақши раванди сиёсии мазкур дар таҳкими давлатдории миллӣ мебошад. Бештари ҷиҳатҳои қаблан матраҳгардида далели он аст, ки ин падида дар воқеъ, дар раванди давлатдории миллӣ ва таҳкими он ба таври барҷаста таъсир мегузорад.
«Масалан, иштироки шаҳрвандони мамлакат дар ҳаёти сиёсӣ имконият медиҳад, ки онҳо дар қабули қарорҳо оид ба ояндаи давлат бевосита иштирок кунанд. Иштироки бевоситаву фаъоли шаҳрвандон ба таҳкими қонунияти ҳокимият мусоидат мекунад, зеро одамон худро дар раванди идоракунӣ ҳамчун субъекти бевоситаи раванди сиёсӣ эҳсос менамоянд. Ин ба тақвияти ҳувият ва ваҳдати миллӣ мусоидат менамояд», — иброз намуд коршинос.
Ҳамбастагии унсурҳои мухталифи ҷомеа низ дар асоси раванди сиёсии мазкур таъмин шуда метавонад. Вақте ки гурӯҳҳо ва умумияти гуногуни ҷомеа (миллию этникӣ, фарҳангию забонӣ, динию мазҳабӣ ва ғайра) имкони иштирок дар интихобот ва ифодаи манофеи худро пайдо менамоянд, ин ба ҳамгироии онҳо дар таркиби ҷомеа мусоидат намуда, хатари парокандагии ҷомеаро кам мекунад ва давлатдории миллиро боз ҳам тақвият мебахшад.
Тавре изҳор гардид, интихобот инъикосгари манфиату талаботи кулли шаҳрвандони мамлакат буда, дар таҳия ва такмили шаклҳои гуногуни сиёсати давлатӣ вобаста ба соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ кумак карда метавонад. Иштирок дар интихобот ҳисси саҳмгузории шаҳрвандонро дар идораи корҳои давлативу ҷамъиятӣ ба вуҷуд оварда, масъулияти шаҳрвандӣ ва ифтихори миллиро низ боло мебарад.
Имрӯз ҳам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобот ба сифати раванди сиёсӣ тавассути Конститутсия ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии мамлакат ба танзим дароварда шуда, дар алоқамандӣ бо принсипҳои озоду демократӣ, ки моҳиятан ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд, татбиқ мегардад.
Гурўҳи аввал принсипҳои демократии ҳуқуқи интихоботӣ мебошанд.
Принсипи умумияти ҳуқуқи интихоботӣ
Ин принсип таҷассуми он аст, ки шаҳрвандон, новобаста аз мансубияти миллӣ-этникӣ, динию мазҳабӣ, нажодию забонӣ, сиёсию касбӣ ва ғайра ҳуқуқи умумии иштирок дар интихоботро соҳибанд. Ин принсип дар шароити кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зарурӣ амалӣ мешавад. Ҳамаи шаҳрвандони мамлакат, новобаста аз айнияту мансубияташон ҳуқуқ доранд дар раванди сиёсии мазкур иштирок намоянд. Тамоми меъёрҳои қонунгузории мамлакат низ ба татбиқи принсипи умумияти ҳуқуқи интихоботӣ мусоидат менамоянд, ба истиснои нафароне, ки аз ин ҳуқуқ тибқи меъёрҳои сиёсиву ҳуқуқии амалкунанда маҳруманд (мувофиқ набудани синну сол, нафарони бо қарори суд аз озодӣ маҳрумшуда, шахсони гирифтори бемориҳои руҳию равонӣ ва ғ.)
Принсипи баробарӣ дар раванди интихоботӣ нақши муҳим дорад
«Мувофиқи ин принсип ҳар интихобкунанда танҳо як овоз дорад ва баробарӣ на фақат дар вақти овоздиҳӣ, балки ҳангоми муқаррар гардидани ҳавзаҳои интихоботӣ низ риоя мегардад. Шумораи интихобкунандагон дар ҳавзаҳо бояд баробар бошад. Аз таҷрибаи кишварҳои гуногуни олам бармеояд, ки риояи қатъии принсипи баробарии интихобот на ҳама вақт ба таври қатъӣ имконпазир аст. Аз ин лиҳоз, тафовути шумораи интихобкунандагонро дар ҳавзаҳои интихоботӣ бояд қонунҳои интихоботӣ муқаррар намоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи тақрибан баробари интихобкунандагон дар ҳавзаҳои интихоботӣ ба 15 фоиз каму беши шумораи интихобкунандагон ва дар ноҳияҳои дурдаст то 20 фоиз иҷозат дода мешавад», -иттилоъ медиҳад Имомиддин Раҷабов.
Махфият-принсипи демократии дигари ҳуқуқи интихоботӣ
Ба андешаи коршинос, ҳеҷ кас бояд аз қарори интихобкунанда огоҳӣ надошта бошад. Дар навбати худ ин принсип озодии интихоботро таъмин менамояд. Аҳаммияти махфӣ будани овоздиҳии интихобкунанда дар он зоҳир мешавад, ки шахси мазкур аз ҳар гуна таъқиб дур мемонад. Дар шароити кунунии давлати мо махфияти интихоб дар овоздиҳии пӯшида, ҳуҷраҳои овоздиҳӣ, бюллетенҳои махсус, тарзи муайяни ҳисоби овозҳои интихобкунандагон ва дигар ҳолатҳои марбути он амалӣ мегардад.
Принсипи дигари ҳуқуқи интихоботиро интихоби бевосита ташкил медиҳад
Имомиддин Раҷабов иброз намуд, ки ҳар шаҳрванд шахсан дар овоздиҳӣ иштирок намуда, аз номи худ раъй медиҳад. Ҳеҷ нафари дигар, ҳатто падару модар ҳақ надоранд дар ин кор ӯро иваз намоянд. Хушбахтона, бо сипарӣ шудани марҳилаҳои давлатдории навин давра ба давра татбиқи амалии ин принсип ба мушоҳида мерасад.
Гурӯҳи дуюм принсипҳои умумии ташкили интихобот мебошанд, ки тавассути онҳо раванди ташкили интихобот мавриди тавсиф қарор мегирад. Онҳо тариқи зайл мебошанд:
Принсипи озодии интихобот
Ҳеҷ мақомоти давлатӣ ё институтҳои ғайриҳукуматӣ ҳуқуқ надорад, ки дар раванди фаъолияти интихобии шаҳрванд ба восита ё ҷиҳате фишор оварад. Ягона воситаи таъсир расонидан ба электорат дар раванди интихоботӣ- ин ташвиқу тарғиби идеяҳо ва барномаи сиёсии неруҳои сиёсӣ мебошад. Агар имрӯзҳо ба воқеияти амалишавии интихоботи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем, пас мебинем, ки ҳама неруҳои сиёсии амалкунандаи мамлакат имкон доранд дар раванди интихобот озодона иштирок намоянд.
Принсипи дигари ташкили интихоботро ҷиҳати алтернативӣ будани он ташкил медиҳад
Плюрализми сиёсӣ ва интихоботи воқеӣ замоне имконпазир аст, ки мавҷудияти номзадҳои алтернативӣ ҳамчун шарти зарурии интихобот баромад намояд. Ин принсип на танҳо номзадҳои алтернативӣ, балки ҳамзамон ҳолати баробарии онҳоро низ дар худ ифода менамояд. Ба ибораи дигар, номзадҳо бояд нафарони шинохта ва шахсиятҳои эътирофгашта бошанд. Дар айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ расман амал менамоянд ва ҳамаи онҳо имконият доранд, ки дар ҳама гуна маъракаҳои сиёсӣ, аз ҷумла интихобот ба таври баробар ва алтернативаи якдигар баромад намоянд. Мавҷудият ва фаъолияти назарраси онҳо далели он аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи плюрализми сиёсӣ ва демократияи воқеӣ татбиқ мешавад.
Принсипи даврагӣ ва доимӣ будани интихобот
«Ин принсип имкон медиҳад, то шаҳрвандон вакилон ва намояндагони худро назорат намуда, дар ҳолатҳои зарурӣ онҳоро иваз намоянд. Принсипи мазкур ҳар гуна суиистифода аз мансаб ва ҳокимиятро пешгирӣ менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин принсип низ ба таври барҷаста дар маъракаҳои интихоботӣ ифода меёбад», — гуфт коршинос.
Принсипи баробарии имконият
Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки моҳияти ин принсип дар он зоҳир мешавад, ки ҳама гуна неруҳои сиёсӣ ва номзадҳо дар раванди интихобот бояд имконияти баробар дошта бошанд. Баробарии моддию молиявӣ, иттилоотию хабарӣ ва ғайра таҷассуми воқеии принсипи мазкур мебошанд. Ба хотири танзим ва амалишавии принсипи баробарии имконият меъёри хароҷоти неруҳои сиёсӣ, ин ё он номзад, ҳамзамон истифода аз воситаҳои ахбори омма бояд ба тариқи қонуни интихоботӣ муайян гарданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки барои тамоми номзадҳо ва неруҳои сиёсӣ дар ин гуна равандҳои сиёсӣ имконияти баробар фароҳам оварад.
Шаффофияти интихобот ҳамчун рукни низоми демократӣ қариб ки комилан аз байн меравад. Бинобар ин, мо дар бораи воқеияти амалишавии раванди интихобот ва принсипҳои муҳими он замоне сухан гуфта метавонем, ки дар мамлакат, ба мисли Ҷумҳурии Тоҷикистон режими сиёсии демократӣ ҳуқмфармо бошад.
Коршиноси Комиссия бо назардошти воқеияти амалишавии интихобот дар шароити муосири кишварҳои демократии олам ва махсусан Тоҷикистони имрӯза ҷанбаҳои асосии ин падидаро ҳамчун раванди сиёсӣ ба таври зайл маънидод менамояд:
— интихобот кафили иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ;
— интихобот- ташаккулдиҳандаи элитаи сиёсӣ;
— интихобот- таҷассуми рақобати солим ва осоишта байни субъектҳои сиёсӣ;
— интихобот- ҳамчун воситаи намояндагии манфиатҳои гурӯҳҳо ва умумияти иҷтимоӣ;
— интихобот- муайянкунандаи ҳолати ҳисоботдиҳандагии интихобшавандагон дар назди интихобкунандагон ва масъулияти тарафайн;
— интихобот чун ифодаи фарҳанги сиёсии ҷомеа ва дар баробари ин, рушддиҳандаи он ва ғайра.
Бояд иброз намуд, ки сатҳи иштироки сиёсии шаҳрвандон дар раванду ҳодисаҳои сиёсии мамлакат муайянкунандаи рушди фарҳанги сиёсии ҷомеа ба шумор меравад. Ба таври фаъол иштирок намудани шаҳрвандон дар интихобот фақат як овоздиҳӣ набуда, балки ҳамзамон дарки мақом ва нақши худ дар ин раванди сиёсӣ, донистан номзадҳою ҳизбҳои гуногун ва фаҳмидани ҳолати мушаххаси сиёсӣ мебошад. Дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди мунтазами фарҳанги сиёсии шаҳрвандон ба назар мерасад, зеро пайваста мо мебинем, ки онҳо дар ин гуна маъракаҳои сиёсӣ беш аз пеш фаъолтар мегарданд.
Ҳамин тариқ, интихобот дар поягузорӣ ва рушди демократия, амалишавии принсипҳо ва арзиши олии умумиинсонӣ, суботи давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ, таъмини волоияти қонун ва ваҳдати ҷомеа, рушду нумуи фарҳанги сиёсии ҷомеа, инчунин таҳкими давлатдории миллӣ нақши муайянкунанда ва бунёдӣ мегузорад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»