ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Он падидаи муҳими ҷомеаи демократӣ мебошад

Февраль 12, 2025 13:24

ДУШАНБЕ, 12.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. 11 феврал дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти унвони «Интихобот-падидаи муҳими ҷомеаи демократӣ» бахшида ба интихоботи вакилони халқ (2 марти соли равон) ҳамоиши илмӣ-назариявии ҳайати устодону донишҷӯён баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Дилшод Раҳмон иброз дошт, ки «дар бораи таъйини интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024 қабул гардид. Тибқи он интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 2 марти соли 2025 таъйин карда шуда, интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 марти соли 2025 таъйин гардид. Ҳамчунин муайян гардид, ки интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» 2 марти соли 2025 гузаронида мешавад. Он ҳамчун маъракаи муҳими сиёсию падидаи муҳими ҷомеаи демократӣ ва унсури давлати озоду обод вазифаҳои гуногун дошта, дар рушди тамоми соҳаҳои ҷамъият нақши назаррас мегузорад. Мақсад, зарурат, ташкил ва баргузории интихобот, қабл аз ҳама, таъмини субот ва ҳамгироӣ, умумигардонии манфиатҳо, ташкил ва назорати ҳокимият, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии шаҳрвандон ва ғайраро дар назар дорад».

Иброз гардид, ки интихобот дар раванди сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад, зеро нишона ва принсипи асосии мавҷудияти ҷомеаи демократиро дар давлат интихобот ва низоми интихоботӣ ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, дар Конститутсия Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ гардидааст.

Инчунин дар моддаи 6-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври васеъ аҳамияти интихобот ва нақши он дар ташаккул ва амалигардонии ҳокимият нишон дода шудааст: “Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст”.

Яъне, нақши интихобот ҳамчун восита дар воқеӣ гардидани ҳокимияти халқ бузург аст. Мардум тавассути интихобот шахсиятҳои арзанда ва мувофиқ пайдо намуда, онҳоро ҳамчун роҳбар ва ҳимоятгари манфиатҳои хеш интихоб менамоянд. Интихобот ҳамчун унсури муҳими ҷомеаи демократӣ дар таҷассуми иродаи шаҳрвандони мамлакат, ташаккул ва таҳкими системаи сиёсӣ ва амалӣ гардонидани ҳокимияти мардум нақши бузург дорад.

Дар ҳамоиш дар мавзуъҳои «Низоми интихоботӣ ва хусусияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Интихобот ва нақши он дар ҷомеаи муосир» ва «Нақши интихобот дар рушди ҷомеаи демократӣ: таҳлили иҷтимоӣ-фалсафӣ» маърузаҳо шунида шуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди давлати миллӣ бо таҷрибаи баргузор намудани интихоботи шаффоф ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ қадамҳои устувор мегузорад. Дар ин муддат интихобот барои мардуми Тоҷикистон имкон ба вуҷуд овард, ки тавонанд дар ташаккули ҳокимият аз он истифода намоянд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Февраль 12, 2025 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир шуд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ ба қайд гирифта шуд
Аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Махфират Хидирзода: «Дар 28 давлати дунё 36 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст»
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳайати мушоҳидони ИДМ мулоқот баргузор гардид
Мушоҳидони байналмилалии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоботи парлумонии Тоҷикистонро ба муддати дароз назорат мекунанд
Муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода бо муовини Дабири кулли ИДМ Нурлан Сейтимов мулоқот намуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Омодагӣ ба интихобот ва иштироки мушоҳидони байналмилалӣ аз ИДМ баррасӣ шуд
ВАКОЛАТИ КОМИССИЯҲОИ ҲАВЗАВӢ ВА УЧАСТКАВӢ. Коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот тасдиқ гардид
ДАР 28 ДАВЛАТИ ХОРИҶӢ-36 УЧАСТКАИ ИНТИХОБОТӢ. Вобаста ба тартиби овоздиҳӣ дар хориҷи Тоҷикистон маълумот дода шуд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Иштирок дар интихобот нишонаи шинохти масъулияти шаҳрвандӣ аст