ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Вазъи ҳуқуқии низоми интихоботӣ дар ҷамоатҳои ҷумҳуриро қонунгузорӣ чӣ тавр муқаррар намудааст?

ДУШАНБЕ, 25.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси банди 3-и Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъйини интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» гузаронида мешавад. Вазъи ҳуқуқии низоми интихоботӣ дар ҷамоатҳои ҷумҳуриро қонунгузорӣ чӣ тавр муқаррар намудааст? Вобаста ба ин хабарнигори АМИТ «Ховар» бо коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Шодмон Мансурӣ ҳамсуҳбат гардид.
Масъалаҳои низоми интихоботи вакилони ҷамоат
Ба иттилои Шодмон Мансурӣ, тибқи моддаи 78-и Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот Ҷамоат мебошад, ки тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти онро қонун танзим менамояд.
Боби 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ба масъалаҳои низоми интихоботи вакилони ҷамоат бахшида шудааст, ки масъалаи интихоботи вакилони Ҷамоатро пурратар танзим менамояд.
Вазъи ҳуқуқии низоми интихоботӣ дар ҷамоатҳои ҷумҳурӣ тибқи қонунгузорӣ муқаррар шудааст, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба ташкил, ваколат ва фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва молиявии он танзим карда мешавад.
«Ҳангоми баргузории интихоботи вакилони Ҷамоат нақши худидоракунии маҳаллӣ дар ҷомеа муҳим мебошад. Сатҳи ибтидоии идораи иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, аз худидоракунии маҳаллӣ оғоз ёфта, зинаи идоракунии мазкур ба мардум наздиктар буда, ба ҳалли босифати мушкилоти ҷойдошта дар маҳал мусоидат менамояд. Дар ҷумҳурӣ 430 ҷамоати шаҳрак ва деҳот фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 65 ҷамоати шаҳрак ва 365 ҷамоати деҳот мебошанд», -иброз намуд коршиноси комиссия.
Комиссияи интихоботи Ҷамоат ва ҳавзаҳои интихоботӣ
Барои баргузории интихоботи Ҷамоат комиссияи интихоботи Ҷамоат ва ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил мешавад: комиссияи интихоботи Ҷамоат ва комиссияи ҳавзавии интихоботи вакили Ҷамоат. Комиссияи интихоботи ҷамоат аз тарафи Ҷамоат таъсис дода мешавад. Он на дертар аз панҷ рӯзи баъди таъйин гардидани интихобот дар ҳайати 7-13 нафар ташкил карда мешавад. Комиссияи интихоботи Ҷамоат дар ҳайати раис, муовини раис, котиби Комиссия ва аъзои он интихоб карда мешаванд.
Ба иттилои коршинос, ташкили Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Ҷамоат салоҳияти Комиссияи интихоботи Ҷамоат мебошад. Онро Комиссияи интихоботи Ҷамоат на дертар аз 10 рӯзи баъди таъйини интихоботи Ҷамоат дар ҳайати 5-11 нафар ташкил менамояд, аз ҷумла, раис, муовини раис, котиби комиссияро интихоб мекунад.
«Дар баргузории интихоботи Ҷамоат ба Комиссияи интихоботи Ҷамоат ваколатҳои васеъ дода шудаанд: назорати иҷрои якхелаи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот»; ташкили ҳавзаҳои интихоботӣ бо назардошти шумораи интихобкунандагон дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот, инчунин ба онҳо ному рақам гузоштан; ташкил намудани комиссияҳои ҳавзавии интихобот; тасдиқ намудани бюллетени намунааш муқарраршудаи интихобот ва таъмин намудани комиссияҳои ҳавзавии интихобот бо бюллетенҳои интихобот; ҳалли масъалаҳои таъминоти моддию техникии интихобот; бақайдгирии вакилони интихобшуда, ҷамъбаст кардани натиҷаи интихоботи Ҷамоат оид ба натиҷаи ҷамъбасти интихобот ба аҳолӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ хабар додан ва ғайра», -ибрози назар намуд ӯ.
Вазифаи комиссияҳои участкавиро комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Ҷамоат иҷро менамояд
Шодмон Мансурӣ ҳамзамон иброз намуд, ки дар интихоботи Ҷамоат комиссияҳои участкавӣ ташкил намешаванд, вазифаи комиссияҳои участкавиро комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Ҷамоат иҷро менамояд, яъне рӯйхати интихобкунандагонро тартиб медиҳад, интихобкунандагонро ба рӯйхати интихобкунандагони ҳавзаи интихобот шинос менамояд, бинои овоздиҳӣ, қуттиҳои овоздиҳӣ ва дигар таҷҳизоти интихоботро омода менамояд; овоздиҳиро дар рӯзи интихобот ташкил менамояд; овозҳои интихобкунандагонро дар ҳавзаҳои интихобот ҳисоб менамояд ва ғайра.
Тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои номзад ба вакилии Ҷамоат таҳсили олӣ ҳатмӣ намебошад. Мувофиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» раиси Ҷамоат дар маҷлиси Ҷамоат аз ҳайати вакилони он бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Ҷамоат ба вазифа интихоб ва аз вазифа озод карда мешавад.
Номзадии раиси Ҷамоатро раиси шаҳру ноҳия пешниҳод менамояд
Инчунин муовини раис ва котиби Ҷамоат аз ҳайати вакилони Ҷамоат бо пешниҳоди раиси Ҷамоат дар маҷлиси Ҷамоат бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Ҷамоат ба вазифа интихоб ва аз вазифа озод карда мешавад.
Ғайр аз ин номзадии раис, муовини ӯ ва котиби Ҷамоат бояд ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» мувофиқат намояд.
Шодмон Мансурӣ дар идома иброз намуд, ки мутобиқи қисми 2 моддаи 6 ин қонун шахсони мансабдори мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба хизматчиёни давлатии маъмурӣ баробар карда мешаванд. Дар асоси Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2016 тасдиқ шудааст, мансаби раиси Ҷамоат ба мансаби маъмурии хизмати давлатии категорияи дуюм, муовини раис ва котиби Ҷамоат ба мансабҳои маъмурии хизмати давлатии категорияи сеюм баробар мебошанд.
Тибқи Дастурамали талаботи тахассусӣ барои хизматчиёни давлатии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармоиши муовини сардори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 2011 тасдиқ шудааст, раис, муовин ва котиби Ҷамоат бояд таҳсили олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолкарда мувофиқ ва собиқаи дахлдори хизмати давлатӣ ё умумии меҳнатӣ дошта бошанд.
«Дар баробари ин, ходимони касбии ташкилот ва иттиҳодияҳои динӣ, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшуну сохторҳои ҳарбӣ, судяҳо, прокурорҳо, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти гумрук, кормандони ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати аз вазифа рафтанашон ҳуқуқ доранд номзад ба вакили Ҷамоат пешбарӣ шаванд», -гуфт ӯ.
Шаҳрвандони зерин ҳуқуқи ба вакили Ҷамоат номзад шуданро надоранд:
— мутобиқи ҳалномаи суд ғайриқобили амал дониста шудаанд;
— дар асоси ҳукми суд дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ мебошанд;
— бо қарори суд дар муассисаҳои табобати маҷбурӣ қарор доранд;
— ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини қасдона содир кардаанд (қатъи назар аз гузаштани муҳлат ва бардошта шудани доғи судӣ);
— барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин айбдор шудаанд ё дар кофтуков мебошанд.
Номзад ба вакили Ҷамоат бояд на кам аз 3 сол дар Тоҷикистон зиндагӣ карда, забони давлатиро донад
Таъкид шуд, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соҳаи забони давлатӣ ҳар шаҳрванд вазифадор аст забони давлатиро донад. Тартиби муайян кардани донистани забони давлатӣ аз ҷониби номзадҳо ба вакилии Ҷамоат тибқи муқаррароти моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» амал мешавад. Ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ӯ аз 20 кам набошад, дар ҳудуди шаҳрак ва деҳоти дахлдор на камтар аз 3 соли охир истиқомат дошта бошад ва забони давлатиро донад, метавонад номзад ба вакили Ҷамоат пешбарӣ шавад.
Бояд иброз намуд, ки яке аз рукнҳои давлатдорӣ-ин таҳкими ваҳдат ва ягонагии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Аз ин рӯ, ҳар шаҳрванд вазифадор аст, ки барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва идоракунии давлатӣ дар интихобот иштирок намуда, саҳми арзанда гузорад. Чунин амалҳои шаҳрвандон дар идоракунии давлатӣ мусбат арзёбӣ гардида, боиси қаноатмандии мардуми маҳал ва эътимоди бештари шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ мегардад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз