ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Кумитаи меъморӣ ва сохтмон пурра ба таври ғайринақдӣ хизмат мерасонад

Февраль 4, 2025 14:24

ДУШАНБЕ, 04.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ташкилоту корхонаҳои низоми Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама боҷҳои давлатиро барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва намудҳои дигари хизматрасонии давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ пардохт менамоянд. Дар ин хусус 3 феврал зимни нишасти матбуотии ин ниҳод раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Низом Мирзозода иттилоъ дод.

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон гуфт, ки барои иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22 июни соли 2023 чораҷӯӣ намуда, ҳаққи хизматрасониҳои соҳаро, ки дар низоми кумита қарор доранд, пурра ба таври ғайринақдӣ ва ҳисоббаробаркуниҳоро ба тариқи электронӣ тавассути низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ бе таҳвили шакли қоғазии он пардохт менамоянд.

«Зимни амалишавии пардохтҳо аз барномаҳои муосири баҳисобгирии амалиёти молиявӣ истифода гардида, дар ин раванд эъломияи андоз ва ҳисобнома-фактураҳо дар шакли электронӣ ба воситаи системаи ҳисоботдиҳии адозсупорандагон супорида ва қабул карда мешаванд»,-иброз дошт Низом Мирзозода.

Иттилоъ дода шуд, ки барои густариши раванди рақамикунонӣ ҳуҷҷатҳо барои гирифтани иҷозатномаи фаъолияти сохтмонӣ ба тариқи электронӣ пешниҳод мешаванд. Дар айни замон шасони воқеӣ метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба тариқи электронӣ дар сомонаи Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии кумита www.kifs.tj ба расмият дароранд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 4, 2025 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид