«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба сарбозон 1000 китоб тақдим намуд

Февраль 24, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 24.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар ҷумҳурӣ иқдоми ватанпарваронаи «Китоб барои муҳофизони Ватан» идома дорад. Дар доираи он аз ҷониби  донишҷӯён ва омӯзгорони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов ба сарбозони шуҷои Ватан 1000 китоб бо дастхат тақдим гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ хабар доданд.

Ректори донишкада Амир Иброҳимзода иброз намуд, ки тақдими китоб барои мардуми тоҷик анъанаи неки гузаштагон буда, имрӯз равнақи бештар ёфтааст. Аз ин хотир ҳар яки мо бояд дар ин кори хайр шарик шавем ва мувофиқи имкон як китоби хуб ба сарбозони Ватан тақдим намуда, дар рушди маънавии ҷомеа саҳм гузорем.

Дар шароити кунунӣ хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон барои ҳар ҷавонмард ҳам қарз ва ҳам фарз аст, зеро ҳифзи сарҳад ва якпорчагии мамлакат сабаби асосии осоиштагию пойдории сулҳу субот дар ҷумҳурӣ мебошад. Чуноне ки дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст».

Имрӯз чандин ҳазор ҷавонони далеру шуҷои Ватан софдилонаю содиқона ва бо ғурури баланди ватандӯстӣ хизмати Ватан-Модарро ба ҷо меоранд. Ин нишони он аст, ки имрӯз шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ хуб мебошад. Чунин шароит теъдоди зиёди ҷавонони хоҳишмандро ба ҳимояи марзу буми Ватан ҷалб месозад. Ҳисси баланди масъулиятшиносӣ нисбат ба ҳифзи сарзамини аҷдодӣ аксари ҷавононро баъд аз хатми донишгоҳҳои олии мамлакат ихтиёран ба хизмат ҷалб менамояд.

АКС: Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов

Февраль 24, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад