МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Мутахассисони «Амонатбонк» дар шаҳри Норак ҳамоиш доир намуданд
ДУШАНБЕ, 19.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо мақсади баланд бардоштани маърифати молиявии донишҷӯён дар филиали муассисаи ғайридавлатии таълимии Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Левакант, воқеъ дар шаҳри Норак ҳамоиш баргузор намуданд.
Ба АМИТ «Ховар» аз Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ доданд, ки ҳамоиш дар ҳошияи татбиқи «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» баргузор гардид. Зимни он кормандони «Амонатбонк» дар мавзуъҳои баланд бардоштани саводнокии молиявӣ, роҳҳои раҳоӣ аз хавфҳои эҳтимолӣ ва қаллобон, бартарияти пардохтҳои ғайринақдӣ, истифодаи дурусти ҳамёнҳои электронӣ ва дигар хизматрасонии молиявӣ ба донишҷӯён маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Ҳамзамон ба донишҷӯён барномаи мобилии «Амонатбонк» — «Амонат-мобайл» намоиш дода шуда, вобаста ба тарзу услуби фаъолият, афзалият ва мувофиқ будани истифодаи он, пардохти хизматрасониҳои давлатӣ ва дигар имконоти бонкию молиявӣ маълумот дода шуд.
АКС: «Амонатбонк»








Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5863 то 9.6100 сомонӣ муқаррар шудааст
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад






