Маркази саратоншиносии вилояти Суғд бо дастгоҳи замонавии рентгени рақамӣ таъмин гардид
ДУШАНБЕ, 18.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба Маркази саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дастгоҳи замонавии ташхиси рентгении рақамӣ (Digital x-ray) супорида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Дастгоҳ бо дастгирии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки ҳамчун ҳамоҳангсози миллии Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) дар Тоҷикистон аст, тақдим гардид.
Дастгоҳи рентгении замонавӣ имконият медиҳад, ки беморӣ сари вақт ва ба таври дақиқ ташхис шавад. Истифодаи ин дастгоҳ дар марказ ба беморон шароит фароҳам меоварад, ки ташхис дар марҳилаҳои аввал муайян ва беморӣ сари вақт табобат карда шавад.
Мутахассиси Маркази саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Муҳаммадҷон Юсуфов ба муҳлати як сол дар Маркази миллии саратоншиносии шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон таҷриба омӯхта, дар самти ташхиси дақиқу саривақтии бемориҳои саратонӣ донишу малакаи касбиашро татбиқ менамояд.
Бояд гуфт, ки бештари лоиҳаҳои Агентии байналмилалии неруи атомӣ ба рушди иқтидори хизматрасонии марказҳои саратоншиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидаанд.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон









Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид






