Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ бо дастгоҳи муосири ташхиси рентгении рақамӣ (Digital x-ray) таъмин гардид
ДУШАНБЕ, 20.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 феврал ба Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгоҳи муосири ташхиси рентгении рақамӣ (Digital x-ray) супорида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Ин дастгоҳ бо мусоидати Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки ҳамоҳангсози миллии Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) дар Тоҷикистон мебошад, тақдим гардид.
«Солҳои охир бо мусоидати ин агентӣ ба марказҳои саратоншиносии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб дастгоҳҳои замонавие, ки ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд, супорида шуданд. Табибон бо истифода аз ин дастгоҳҳо имкон доранд, ки сари вақт ташхис гузаронида, бемориро дар марҳилаи аввал муайян намуда, ба табобати беморони гирифтори саратон шуруъ намоянд. Ҳамзамон ин раванд барои татбиқи барномаҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди бемориҳои саратон саҳми назаррас мегузорад», — иброз дошт директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ Акбарҷон Муродзода.

Илова бар ин, мутахассиси марказ Абубакр Насруллоев ба муҳлати як сол дар Маркази миллии саратоншиносии шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон таҷриба омӯхта, дар самти ташхиси дақиқу саривақтии бемориҳои саратон донишу малакаи касбиашро татбиқ менамояд.
Лоиҳаҳои Агентии байналмилалии неруи атомӣ аксаран ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, беҳтар намудани шароити табобат, омодасозии мутахассисони баландихтисоси касбӣ ва ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ будани марказҳои саратоншиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидаанд.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






