МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шудгори хушсифат омили ба даст овардани ҳосили баланд мебошад
ДУШАНБЕ, 24.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзоне, ки дар фасли тирамоҳ шудгори барвақтӣ нагузарониданд, бояд дар ин шабу рӯз замини киштро шудгор намоянд, зеро сари вақт ва хушсифат шудгор намудани замин омили ба даст овардани ҳосили баланди зироати кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Чунин иброз намуданд олимони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат, даҳаи аввали моҳи марти имсол ҳарорат паст шуда, бориши борон дар назар аст. Дар робита ба пешгӯи обуҳавошиносон, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ тавсия медиҳанд, ки агар заминҳоро сари вақт шудгор намоем, боронҳои пай дар пай онҳоро бо намӣ таъмин менамоянд. Ин боронҳо барои соҳаи боғу токпарварӣ низ фоидаовар мебошанд, зеро бо боридани борон ҳар гуна ҳашароти зараровари навдаю пояи дарахтон нест мегардад.
Шудгори замин вобаста ба зироат гузаронида мешавад. Яъне барои пунбадона чуқурии он зиёда 40 сантиметрро бояд ташкил диҳад. Ҳамчунин дар вақти шудгор додани пору ба замин ҳатмӣ мебошад. Зимни шудгор хоки болои замин ба андозаи 40-50 сантиметр, яъне қариб ним метр чаппагардон мешавад, то ҳамаи ҳашароти зараррасони зироати кишоварзӣ нобуд гардад.
Бино ба гуфти мутахассисони соҳа, шудгори барвақтӣ, ки дар фасли тирамоҳ гузаронида мешавад, замина барои ҳосили фаровон мегардад. Зеро замин як муддат дам гирифта, мулоим шуда, дар сардии ҳаво алафҳои бегона нобуд ва дар натиҷа ҳосили фаровон ба даст меояд. Агар шудгор босифат гузаронида шавад, яъне хок хуб майда шуда, пору ва алафҳои бегона зери хок гардонида шаванд, дар ин ҳолат тухми алафҳои бегонаю ҳашароти зараррасон ва барангезандаи касалиҳо кам ва ё пурра нест мешавад. Чуқурии шудгори тирамоҳӣ бояд аз 30 то 40 сантиметрро ташкил диҳад. Вақте муҳлати шудгор ва чуқурии он таъмин гардид, аз заминҳо ҳосили хуб рӯёнидан мумкин аст.
Мутахассисон иброз медоранд, ки агар кишоварзон баъди гузаронидани шудгор дар заминҳои кишти зироати гандум ва пахта яхоб монда бошанд, аз он замин метавон ҳосили баланду дилхоҳ рӯёнид. Зеро ҳангоми яхобмонӣ дар чуқурии ним метр ҳашароти мавҷуда нобуд мешаванд, ҳамчунин дар ин чуқуриҳо ба миқдори зиёд об захира мегардад, ки ин имкон фароҳам меорад дар мавсими пухтарасии ҳосили гандум ва пахта, яъне моҳҳои май-июн барои гандум ва июлу август барои пахта замини кишт аз намнокии иловагӣ, ки дар мавсими зимистон захира гаштааст, истифода барад.
Пахтапарварон мегӯянд, ки «солҳои гузашта дар фасли тирамоҳ заминро шудгор менамудем ва дар аввали баҳор замин монанди хамири расида ба кишти пунбадона тайёр мегардид. Бо кишт намудани пунбадона дар фурсати кӯтоҳ тухмии мо хуб инкишоф меёфт. Яъне тухмии кишт намудаи мо бе обмонии иловагӣ аз замин неш зада мебаромад».
АКС: АМИТ «Ховар»








ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Давоми 35 сол дар Тоҷикистон шумораи омӯзгорон беш аз 41 ҳазор зиёд гардид
ИМРӮЗ — РӮЗИ АНГИШТКАНОН. Истихроҷи ангишт то ба 3 миллион тонна расонида мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Пиряхҳоро аз обшавӣ бояд ҳифз намуд, — бардошт аз конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ОБ. Барои Тоҷикистон ин масъала аҳаммияти махсус дорад
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Рушди илмро дар ин давра метавон яке аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсати давлатии Тоҷикистон арзёбӣ намуд
АҲАММИЯТИ ТАШАББУСҲОИ ҚОНУНГУЗОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ. Тақриз ба китоби «Ташаббусҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва аҳамияти онҳо дар рушди давлати соҳибистиқлол»
«РОҒУН» — КОХИ НУР. Сарбанди ин неругоҳ баландтарин садди обӣ дар ҷаҳон хоҳад буд






